Режими Амрико бояд посухгӯи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ бошад
(last modified Sun, 02 Aug 2020 05:41:45 GMT )
Август 02, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Режими Амрико бояд посухгӯи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ бошад

Вазорати иттилооти Эрони рӯзи шанбе бо судӯри иттилоияе эълом кард, Ҷамшеди Шормаҳд, саркардаи гурӯҳи террористии "Тундар", ки аз Амрико амалиёти мусаллаҳона ва харобкорона дар Эронро ҳидоят мекард, дар пайи амалиёти печидаи нерӯҳои амниятии Эрон дастгир шуд.

Гурӯҳаки террористии “Тундар”-ро соли 2004 фарде ба номи Фатҳуллоҳи Манӯчеҳрӣ, маърӯф ба Фурӯди Фӯлодванд ташкил дод. Ин фард ҳадафи худро аз ташкили ин гурӯҳак, барандозии низоми Ҷумҳӯрии исломӣ зарфи муддати як сол эълом карда буд. Шабакаи телевизионии зидиэронии «Your TV», ки мутааллиқ ба Фурӯди Фӯлодванд аст, масъӯли таблиғот ва интишори мавозеъи ин гурӯҳак аст. Ин гурӯҳак дар соли 2008 амалиёти инфиҷор дар ҳусайнияи саидулшуҳадои Широз, маркази устони Форси Эронро тарроҳӣ ва иҷро кард. Дар он иқдоми террористӣ 14 нафар шаҳид ва 215 нафар аз азодорони ҳусайнӣ маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳи террористии “Тундар” ҳамчунин дар солҳои ахири қасди иҷроӣ чанд амалиёти бузург, аз ҷумлаи мунфаҷир кардани сади Сиванди Широз, инфиҷори бомбҳои сзаҳролуд дар намоишгоҳи китоби Теҳрон ва мунфаҷир кардани бомб дар ҳарами Имоми Хумайнӣ (раҳ.)-ро дошт, аммо бо ҳӯшёрии нерӯҳои амниятӣ, муваффақияте бадаст наёвард.

Амрико террористҳои шиносномадор ва касоне, ки масъулияти амалиётҳои террористии дохилии Эронро бар ӯҳда гирифта ва дасташон ба хуни мардум ва шаҳрвандони бегуноҳи эронӣ олӯда аст, дар хоки худ ҷой дода ва аз онҳо дар абъод ва шаклҳои мухталиф ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад. Ҳимояти Амрико аз чунин гурӯҳакҳое ду саволро матраҳ месозад: Нахуст ин ки Амрико бо кадом собиқа иддаои мубориза бо терроризмро дорад? Ва дувум ин ки Амрико аз кадом амният дар минтақаи сухан мегӯяд?

Дар посух ба саволи аввал бояд гуфт, мақомҳои Амрико дар қолаби сиёсати ба истилоҳ мубориза бо терроризм мудом дар ҳоли таҳрифи воқеъиятҳо ҳастанд ва дар изҳороти фароафканона ва бо муттаҳам кардани Эрон ба ноамнсозии минтақа мекушанд, тасвире мусбат аз нақши вайронгари худ дар минтақа тарсим кунанд.

Дар посух ба саволи дувум низ бояд гуфт, ончӣ ки Амрико амният дар минтақа меномад, дар воқеъ ноамн кардани минтақа бо террористпарварӣ ва истифодаи абзорӣ аз гурӯҳҳои террористӣ аст. Эҷоди Алқоида ва ҳимоят аз ДИИШ бо ҳамин ҳадаф будааст.

Давлати Амрико дар корномаи ҳимоятҳояш аз террористҳо иқдоми нангини ҳимоят аз фаъолиятҳои гурӯҳаки террористии мунофиқин (муҷоҳидини халқ)-ро дорад, яъне ҳамон гурӯҳаке, ки масъулияти бисёре аз иқдомоти террористӣ дар Эронро бар ӯҳда гирифтааст. Беш аз 17 ҳазор қурбонии тероризм дар Эрон натиҷаи чунин ҳимоятҳое будааст. Гурӯҳаки террористӣ «Ригӣ» ба саркардагии Абдулмолик Ригӣ, низ яке дигар аз гурӯҳҳои террористии шинохта шудаи мавриди ҳимояти Амрико аст, ки маъмурияти ноамнсозии шарқи Эронро бар ӯҳда дошт. Саймур Ҳирш, рӯзноманигори амрикоӣ дар соли 2008 фош кард, ки давлати Амрико ҳомӣ ва пуштибони гурӯҳаки террористӣ ба саркардагии Абдулмолик Ригӣ аст. Саркардаи ин гурӯҳак низ дар як амалиёти печида тавассути нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон дастгир ва дар додгоҳ ба эъдом маҳкӯм шуд.

Амрико илова бар истифодаи абзорӣ аз гурӯҳакҳои террористӣ ва ҷинояткор дар як иқдоми террористии мустақим дар сеюми январи 2020 сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудси Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ба даъвати расмии мақомҳои Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар наздикии фурӯдгоҳи Бағдод ва ба дастури Трамп ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор дод. Дар ин ҳамлаи террористӣ сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони эшон ба шаҳодат расиданд. Бо тавваҷуҳ ба чунин совобиқе аст, ки Саидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Амрико бояд посухгӯи ҳимоят аз гурӯҳаки террористии “Тундар” ва дигар гурӯҳакҳо ва ҷинояткороне бошад, ки аз дохили Амрико ҳидояти амалиёти харобкорона, мусаллаҳона ва террористӣ зидди мардуми Эронро бар ӯҳда доранд ва хуни шаҳрвандони эрониро бар замин мерезанд.