Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: Беҳбудии ҳудуди 275 ҳазор нафар
(last modified Wed, 05 Aug 2020 12:26:18 GMT )
Август 05, 2020 17:26 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: Беҳбудии ҳудуди 275 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 ва беҳбудии ҳудуди 275 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 697 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 331 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 317 ҳазору 483 нафар расидааст, афзуд, дар 24 соати гузашта 185 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 17 ҳазору 802 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 274 ҳазору 932 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.