Октябр 08, 2016 11:27 Asia/Dushanbe
  • Вохӯрии нухбагони илмии Малайзия бо раисҷумҳури Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, барои наҷоти ҷаҳони Ислом роҳе ҷуз эътидол ва мубориза бо хушунат нест.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи шанбе дар дидор бо нухбагони илмӣ, фарҳангӣ ва расонаии Малайзия дар Куала-Лумпур бо фаро хондани ҳама мусалмонон ба ваҳдату талош барои баланд бардоштани ҷойгоҳу қудрати ҷаҳони Ислом таъкид кард, ҷаҳони Ислом ниёзманди ваҳдат, амният ва рушд буда, хушунату ифротгароӣ, ноумедӣ ва набудани худбоварӣ ояндаи ҷаҳони Исломро таҳдид мекунад. Рӯҳонӣ бо ишора ба ҳокимияти чаҳораслӣ дар робита ба сиёсати минтақаии Эрон гуфт, муборизаи майдонӣ бо терроризми такфирӣ, кӯмаки муассир ба сулҳу оташбас ва кӯмакрасонии инсондӯстона ба мардум, таҷзия нашудани кишварҳо, ҳифзи марзҳои ҷуғрофӣ, такя бар сандуқҳои раъй ва ҳокимият мардум бар умури кишварҳояшон аз усули сиёсати минтақаии Эрон аст.

Рӯҳонӣ бо баён ин ки ҷаҳони Ислом,  ҷаҳони дар ҳоли тавсеа дар асрҳои гузашта бо мушкилоти фаровони сиёсӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ будааст, таъкид кард, шояд интизор буд, ки пас аз даврони истеъмор ва истиқлоли кишварҳои исломии дар ҳоли тавсеа ҷаҳон бо мушкили бузурге мувоҷеҳ нашавад ва кишварҳои мустақилу дар ҳоли тавсеа битавонанд масири пешрафтро барои расидан ба ҷойгоҳи матлуб, дар чорчӯби аҳдофи миллии худ идома диҳанд, аммо мутаассифона, чунин нашуд.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, Ғарб ҳанӯз тасмим надорад, ки аз султагирии худ ба дунё даст бардорад ва ин тасмим тағйир нахоҳад кард, магар замоне ки ғарбиҳо эҳсос кунанд, ҷаҳони дар ҳоли тавсеа ба як ваҳдат, масири ягона ва ҳаракати поянда даст ёфтааст. Ӯ вазифаи нухбагон, соҳибназарон ва равшанфикрони ҷаҳони Исломро дар замони кунунӣ муҳим дониста гуфт, мутассифона, ҷавонон дар ҷаҳони Ислом дар чунин фазое ба тадриҷ ба ду масир, хушунату ифротгароӣ ё ноумедию надоштани худбоварӣ кашонида мешаванд, ки ҳардуи инҳо метавонад барои насли имрӯза ва оянда хатарнок бошад.