Август 10, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи шаҳрвандони Ҳинд аз ҳисоби твиттерии раҳбари инқилоби исломӣ

Ҳисоби твиеттерии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба забони ҳиндӣ бо истиқболи густурдаи корбарони шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, расонаҳои ҳиндӣ аз ҷумла шабакаи хабарии "Он Дей ТВ", нашрияҳои Таймз ов Индия, Лойв Минт ва Ҳиндустон Таймз рӯзи душанбе бо пардохтан ба ифтитоҳи  ҳисоби твиттерии раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба забони ҳиндӣ эълом карданд аввалин бор аст, ки ҳазрати оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба забони ҳиндӣ паём мунташир мекунанд.

Ин расонаҳо афзуданд: Ҳисоби раҳбари инқилоби исломӣ то кунун беш аз 2 ҳазор думболкунанда дар Твиттери ҳиндӣ ба даст овардааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин дорои ҳисобҳои твиттерии дигар ба забонҳои мухталиф аз ҷумла форсӣ, арабӣ, урду, фаронсавӣ, испанияӣ, русӣ ва англисӣ аст.

Ҳинд ва Эрон дорои равобити ду ҷонибаи таърихӣ ҳастанд ва равобити ду кишвар пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ густариш ёфтааст.

 

Барчасп