Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 296 ҳазор нафар
(last modified Sat, 15 Aug 2020 15:22:02 GMT )
Август 15, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 296 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД- 19 ва беҳбудии ҳудуди 296 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон  рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 245 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 943 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ , ки ба навъи сабуки беморӣ мубтало шуданд хадамоти дармонӣ ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯъи беморони КОВИД- 19 дар Эрон ба 341 ҳазору 70 нафар расидааст, афзуд: Дар 24 соати гузашта, 161 нафар аз беморони КОВИД- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 19 ҳазору 492 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 295 ҳазору 630 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.