Август 18, 2020 16:49 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раҳбари инқилоб дар паи даргузашти ҳуҷҷатулислом валмуслимин Тасхирӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадалии Тасхириро таслият гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар паёми худ зимни таслияти даргузашти ҳуҷҷатулислом валмуслимин Тасхирӣ ба хонадон, бозмондагон ва низ ба ҳамаи ҳамкорон ва дӯстони эшон, барои он марҳум раҳмат ва мағфират ва ризвони илоҳиро масъалат карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёми худ ҳуҷҷатулислом валмуслимин Тасхириро забони гӯёи ислом хонданд ва афзуданд: Корномаи ин марди хастагинопазир дар анвоъи хадамоти барҷаста дар маҷмаъҳои ҷаҳонии исломӣ ҳаққан дурахшон аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадалии Тасхирӣ, раиси Шурои олии маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ ва мушовири раҳбари муаззами инқилоб дар умури ҷаҳони ислом, ки ба далели бемории қалбӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон бистарӣ буд, рӯзи сешанбе дар 76 солагӣ даргузашт.

Эшон аз чеҳраҳои шинохтаи илмӣ ва фарҳангии ҷаҳони ислом буд, ки ҳамвора дар эҷоди тафоҳум ва ҳамдилӣ миёни мусулмонон талош мекард.

Аз ин андешаманди мусулмон даҳҳо китоб ва мақола ба таълиф ё тарҷума мунташир шудааст.

 

 

Барчасп