Октябр 09, 2016 15:24 Asia/Dushanbe
  • Суҳбати раисҷумҳури Эрон ва нахуствазири Таиланд дар Банкок

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Таиланд эълом карданд, ки омодаанд, фасли тозаеро дар равобити ду кишвар бикушоянд ва якдигарро дар дастёбӣ ба бозорҳои шарқу ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дар ниҳоят, Аврупо ёрӣ диҳанд.

 

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Таиланд дар Банкок гуфт, имрӯз иродаи ду давлат тавсеаи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ аст.

Раисҷумҳури Эрон хитоб ба Прают Чан-Оча, нахуствазири Таиланд афзуд, Таиланд метавонад пуле барои иртибототи иқтисодии Эрон дар минтақаи шарқи Осиё бошад ва Эрон низ бо зерсохтҳои муносиб дар ҳавзаи бандару масирҳои ҳамлу нақли роҳи ҳан ба унвони босуботтарин ва амнтарин кишвари минтақа ва дар қалби бозори 400-миллионнафарӣ беҳтарин дарвоза барои тавсеаи равобити тиҷории шарқи Осиё ва Таиланд бо минтақа, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупо аст.

Прают Чан-Оча, нахуствазири Таиланд низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки бояд сафҳаи ҷадиде дар равобити ду кишвар гушуда шавад, тасреҳ кард, Ҳукумати Таиланд барои тавсеа ва таъмиқи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон азми росих дорад.

Ӯ бо ишора ба 6 даҳаи равобити дипломатии Теҳрону Банкок мизбонӣ аз раисҷумҳур ва ҳайати эрониро ифтихори бузурге барои Таиланд баршумурд ва гуфт: "Мо барои баланд бардоштани сатҳи равобит дар ҳама ҳавзаҳо комилан омодаем ва аз мушорикати ширкатҳои эронӣ дар пешбурди тарҳҳо дар Таиланд истиқбол ва ҳамзамон ширкатҳои таиландиро ба мушорикат дар тарҳҳои Эрон ташвеқ мекунем".