Сентябр 12, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар паи даргузашти Оятуллоҳ Сонеӣ

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме даргузашти марҳум Оятуллоҳ Ҳоҷ Шайх Юсуфи Сонеиро таслият гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон , Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ рӯзи шанбе дар паёме зимни таслият  даргузашти Оятуллоҳи Сонеӣ ризвонуллоҳи алайҳ  ба фарзандону хонадони мукаррам ва низ ба шогирдону алоқамандон ва дӯстони ин олими бузургвор , хотирнишон карданд : « эшон аз шогирдони пурталоши  дарсҳои фиқҳу усул ва аз наздикони Ҳазрати Имом Хумайнӣ раҳматуллоҳи алайҳ буданд ва пас  аз пирӯзии инқилоб дар масъулиятҳои муҳимм, аз ҷумла дар қувваи қазоия ба хидмат иштиғол доштанд .
Дар идомаи паёми Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ омадааст : умед аст ин ҳама, мақбули даргоҳи аҳаддият ва мӯҷиби эътилоии мақомоти ухравии эшон бошад .
 Оятуллоҳи Юсуфии Сонеӣ аз мароҷеъи бузурги тақлиди шиъиён рӯзи шанбеи 12 сентябр дар 83 солагӣ ба дидори ҳақ  шитофт  .
Эшон аз аъзои пешини маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва шӯроии нигаҳбони қонуни асосии Эрон ва ҳамчунин додситони кулли кишвар буд .