Октябр 03, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз 3 ҳазор бемори дигари Ковид -19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта се ҳазору 523 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 401 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт: маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 468 ҳазору 119 нафар расидааст, ки то кунун 387 ҳазору 675 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд: муттаассифона дар 24 соати гузашта  179 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 26 ҳазору 746 нафар расидааст .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 35 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам  як миллион нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 26 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .