Октябр 06, 2020 17:22 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз 4 ҳазор бемори дигари Ковид -19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Симо  Содоти Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон  рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта  чаҳор ҳазору 151 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  ду ҳазору 127 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд .
 Лорӣ гуфт: маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 479 ҳазору 825 нафар расидааст, ки то кунун 394 ҳазору 800 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта , 227 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 27 ҳазору 419 нафар расидааст .
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 36 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  як миллион нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 26 миллион нафари ҳам беҳбуд ёфтаанд .