Ғарибободӣ: ҳамаи дастрасиҳои такмилии ожонс мутаваққиф мешавад
Намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена душанбешаб эълом кард, бар асоси қонӯни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон" ҳамаи дастрасиҳои такмилии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Эрон аз нимашаби имшаб мутаваққиф мешавад.
Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон хотирнишон кард, аз соати 24 душанбе чизе ба номи тааҳудоти фаротар аз подмон надорем ва дастӯроти лозим ба таъсисоти ҳастаӣ содир шудааст.
Эрон ба дунболи хурӯҷи якҷониба ва ғайриқонӯнии Амрико аз БарҶом (8 майи 2018) талош кард, тавофуқи ҳастаиро ба шарти амали дигар тарафҳои ин тавофуқ ба таъаҳҳудоташон ҳифз кунад, аммо аврупоиҳо ҳеч муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъда дода шуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накарданд.
Дар чунин шароите, Шӯроии олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон 8 майи 2019 дар солгарди хурӯҷи Амрико аз БарҶом эълом кард, Эрони тааҳҳудоти БарҶом-ии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ гом ба гоми коҳиш хоҳад дод то миёни тааҳҳудот ва ҳуқуқаш тавозуне барқарор шавад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон қасд дорад аз 23 феврал иқдомоти довталабона таҳти БарҶомро дар чорчӯби қонӯни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон" мутаваққиф кунад. Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон 1 декабри гузашта бо тасвиби ин қонӯн давлати Эронро мукаллаф кард, ки дар сӯрати идомаи таҳримҳои Амрико, ҳамкорӣ бо ожонсро маҳдӯд карда ва гомҳои бештареро дар хусӯси коҳиши тааҳҳудоташ зайли БарҶом бардорад.
Бар асоси модаи 6 ин қонун, «давлати Ҷумҳурии исломии Эрон муваззаф аст бар асоси бандҳои 36 ва 37 БарҶом, зарфи муддати 2 моҳ аз тасвиби ин қонун дастрасиҳои назоратӣ фаротар аз протоколи илҳоқӣ бар асоси БарҶомро мутаваққиф кунад».
Ғарибободӣ душанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард, ки номаи таваққуфи иҷрои иқдомоти довталабонаи Эрон таҳти БарҶомро таҳвили мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ додааст.
Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶом, дар сӯрати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.
БЕШТАР БИХОНЕД: