Солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (аҷ) фархунда бод
(last modified Sun, 28 Mar 2021 12:51:46 GMT )
Март 28, 2021 17:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбонулмуаззами соли 255 ҳиҷрии қамарӣ дида ба ҷаҳон кушуданд
    Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбонулмуаззами соли 255 ҳиҷрии қамарӣ дида ба ҷаҳон кушуданд

Рӯзи душанбе - 15 шаъбони соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 9 фарвардини 1400 ҳиҷрии хуршедӣ ва 29 марти 2021 мелодӣ, мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати имом Маҳдӣ аҷалаллоҳи таъоло фараҷаҳушшариф, набераи гиромии паёмбари акрам (с) ва охирин мунҷии башарият аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбонулмуаззами соли 255 ҳиҷрии қамарӣ дида ба ҷаҳон кушуданд.

Падари бузургвори эшон ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом ва модарашон бонӯи гиромӣ Нарҷис ном доштанд.

Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ду давра ғайбат дошт: Яке кӯтоҳмуддат (ғайбати суғро) ва дигаре дарозмуддат (ғайбати кубро), ки аввалӣ аз ҳангоми таваллуд то поёни даврони ниёбати хосса идома дошта ва дувумӣ бо поёни давраи нахуст оғоз шуд ва то ҳангоми зуҳур ва қиёми он ҳазрат тӯл хоҳад кашид.

Дар шабу рӯзи солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (аҷ) мардуми Эрони исломӣ бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ бо баргузории ҷашнҳои мухталиф бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ, иродати худро ба хонадони паёмбари Ислом (с) нишон медиҳанд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи мелоди Маҳдии мавъуд имоми Замон (аҷ) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва дигар озодихоҳон табрик мегӯяд.