Апрел 15, 2021 16:09 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати қатъии Эрон барои эҳёи  Барҷом, бекорсозии таъсиргузори таҳримҳо ва сипас ростиозмоии он аст
    Сиёсати қатъии Эрон барои эҳёи Барҷом, бекорсозии таъсиргузори таҳримҳо ва сипас ростиозмоии он аст

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд,ки сиёсати Эрон дар заминаи Барҷом мушаххас аст ва масъӯлон диққат кунанд,то музокирот фарсоишӣ нашавад, ки барои кишвар зарар дорад .

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ асри чаҳоршанбе дар маросими нӯронии унс бо Қуръони карим дар бораи масоили марбут ба Барҷом таҳримҳо ва музокироти Вена таъкид карданд:Ҳадафи амрикоиҳо аз таъкиду исрор бар музокира талош барои бор кардани як ҳарфи ботил аст .

  Даври ҷадиди музокироти ҳастаӣ бо ҳадафи эҳёии Барҷом байни Эрон ва гурӯҳи чаҳор ба иловаи як аз ҳудуди 10 рӯзи пеш дар Вена оғоз шудааст, то роҳе барои лағви таҳримҳои Амрико ва сипас ростиозмоии он пайдо шавад .

  Мантиқу сиёсати Эрон дар ин давр аз музокироти Вена ин аст, ки Амрико дар гоми нахуст таҳримҳоро бардорад, зеро таҷрибаи Барҷом нишон дод итминоне ба Амрико нест ва ин кишвар бо хурӯҷ аз Барҷом аҳдшиканӣ кардааст .

  Дар пайи хурӯҷи Амрико аз Барҷом тарафи аврупоӣ ҳам натавонист ба таъаҳҳудҳои барҷомии худ амал кунад ва амалан дар масири давлати Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии пешини Амрико ҳаракат кард . Аврупоиҳо дар чорчаби сиёсати эъломӣ ба аҳдшикании Амрико иқроркарданд, аммо ба таъбири Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аврупоӣҳо дар мақоми тасмимгирӣ таслими Амрико ҳастанд ва аз худ истиқлоле надоранд .

    Бо тағйири давлати Амрико ва рӯйи кор омадани давлати Байден талошҳо барои эҳёии Барҷом аз масири гуфтугӯи дипломатӣ аз сар гирифта шуд ва дар ниҳоят музокироти ҳастаӣ дар Вена калид хурд .

  Сиёсати қатъии Эрон барои эҳёии Барҷом лағви муассири таҳримҳо ва сипас ростиозмоии он аст ва ҳар гуна тарҳу пешниҳоди хориҷ аз ин рӯйкард мавриди таъйиди Эрон нест ва Теҳрон сирфан барои музокира дар Вена ҳузур надорад . Рафтори давлати Байден то кунун дар мавриди Барҷом ҳамон рӯйкарди давлати Трамп аст ва ба ҳамин сабаб Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар бора фарсоишӣ шудани музокирот ҳушдор доданд.

Маҳмуди Воъизӣ-раиси дафтари раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе гуфт:Ҳар чи қадр музокирот тӯлонитар шавад фишори таҳримҳо бар миллати Эрон бештар мешавад ;дар ҳоле ки давлати нави Амрико эълом карда буд, сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрдааст ва ин сиёсатро қабул надорад, аммо амалан бо ҳифзи таҳримҳо ҳамон масири давлати Трампро пеш гирифтааст .

  Шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ собит кард " фишор, таҳдид ва иқдоми харобкорона " абзоре барои имтиёзгирӣ аз Эрон дар мизи музокирот нест ва танҳо роҳи эҳёи  Барҷом лағви муассири таҳримҳост . Эрон дар саноъати ҳастаӣ ба марҳалаи итминонбахше расидааст ва шурӯи фароянди ғанисозии 60 дарсадии  уран дар таъсисоти ҳастаии Натанз дар посух ба тероризми ҳастаӣ ва харобкорӣ дар ин марказ, нишон дод Эрон аз таҳдидҳо натарсида ва бо қудрат ба фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии худ идома медиҳад .

   Ҳамон тавр, ки Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири хориҷаи Эрон таъкид кардааст:  Чархаи хатарноки тероризми ҳастаӣ дар Натанз фақат бо поён додан ба тероризми иқтисодии давлати Трамп нобуд мешавад . Дар чунин шароите давлати Байден фақат бо канор гузоштани муассири таҳримҳо ва бозгашт ба таъаҳҳудҳои Амрико метавонад ба Барҷом бозгардад; дар ғайри ин сурат фурсати музокироти Вена номаҳдуд нест .

 

    Бештар бихонед :

 

 

Барчасп