Октябр 23, 2016 19:55 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон ва радди гузоришҳо дар бораи кушоиши дафтари Толибон дар Теҳрон

Раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон гузоришҳо дар бораи кушоиши дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Теҳронро беасос донист.

Ба гузориши ИРНА, Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз, якшанбе дар нишасти хабарие бо ҳузури хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Кобул ин матлабро баён кард.

Вай гузоришҳои марбут ба роҳандозии дафтаре барои Толибон дар Эронро фиреби афкори умумӣ ва фарофиканӣ хонд ва гуфт, ин гузоришҳо сиҳат надорад.

Бархе расонаҳои афғонистонии мутаассир аз хабари расонаҳои ғарбӣ, ҳафтаи гузашта иддаоҳое дар бораи сафари шуморе аз аъзои Толибон ба Теҳрон мунташир карданд.

Рӯзномаи англисии "Гордиан" нахустин рӯзномае буд, ки ин иддаоҳоро матраҳ ва "Экспресс Трибун"-и Покистон низ гузориши ин рӯзномаро мунташир кард.