Ройзании Эрон ва Русия дар мавриди мубориза бо терроризм
Сафири Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия дар хусуси масоили муҳими байналмилалӣ дар арсаи зиддитеррористӣ ва ифротгароӣ гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Эрон дар Маскав "Козим Ҷалолӣ" ва муовини вазири умури хориҷаи Русия Олег Сирамолотов дар ин дидор дурнамоии ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо тероризмро баррасӣ ва мавриди табодули назар қарор доданд.
Эрон ва Русия дар солҳои ахир ҳамкориҳои густардае дар арсаи мубориза бо тероризми байналмилалӣ доштанд.
Теҳрон ва Маскав ба ҳамроҳи Бағдод чанд сол пеш маркази мубодилаи иттилоот дар арсаи тероризм барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, бавижа гурӯҳи ДИИШ дар пойтахти Ироқ доир карданд, ки токунун барои мубориза бо террористҳо фаъолият мекунад.
Эрон ва Русия ҳамчунин дар мубориза бо ДИИШ дар Сурия нақши муҳимме ифо карда ва кумакҳо ва ҳимоятҳои ин ду кишвар аз Сурия мӯҷиби шикасти вазнин ва маргбори гурӯҳи террористии ДИИШ ба рағми ҳимояти бархе кишварҳои минтақа ва ғарб аз он шуд.
Бештар бихонед: