Май 31, 2021 10:46 Asia/Dushanbe

Якто Ҷамолӣ, вазнабардори эронӣ бо маҳори вазнаи 92 килограм муваффақ шуд, медали биринҷии дастаи 87 килограми занон дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳонро барои Эрон ба даст оварад.

Ба нақл аз Ирно, Мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон дар 2 бахши занону мардон дар Тошканди Узбакистон баргузор мешавад.

Якто Ҷамолӣ дар дастаи 87 килограми занон нахуст муваффақ ба маҳори вазнаи 85 шуд ва дар идома тавонист вазнаи 90 килограмиро болои сар бубарад.

Ҷамолӣ дар идома бо баланд кардани вазнаи 92 килограмӣ ба медали биринҷии ҷаҳон расид.

Вай бо маҳори 208 килограм ба медали биринҷии маҷмуи дузарб даст ёфт.

Якто Ҷамолӣ, нахустин духтари вазнабардори эронист, ки дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар радаи ҷавонон ба медал даст меёбад.

Варзишкорони Узбакистону Амрико дар ин даста ба медали тиллло ва нуқра расиданд.