Июн 04, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Валейболи Эрон барои нахустин бор дар рутбаи ҳафтуми радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифт

Тими миллии валейболи Эрон барои нахустин бор дар тӯли таърих дар рутбаи ҳафтуми радабандии Федератсияи байналмилалӣ қарор гирифт.

Федератсияи байналмилалии валейбол тозатарин радабандии худро пас аз поёни мусобиқоти рӯзи чаҳоруми лигаи миллатҳои валейбол дар бахши мардон эълом кард.

Тими миллии валейболи Эрон бо имтиёзоте, ки аз пирӯзӣ муқобили Канада касб кард, ҷойи Аргентинаро дар ин радабандӣ гирифт ва дар макони ҳафтум истод.

Албатта, ҳамчунон Ҷопон бо қарор гирифтан дар радаи шашуми ҷаҳон, беҳтарин тими осиёӣ аст, аммо фақат 2 имтиёз бештар аз Эрон дорад.

Дар садри ин радабандӣ, ҳамчунон Бразилия, Полша ва Амрико дар рутбаҳои аввал то сеюм қарор доранд.

 

Бештар бихонед: