Июн 16, 2021 09:06 Asia/Dushanbe
  • Суханронии телевизионии Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ; имрӯз

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар остонаи баргузории сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, имрӯз (чаҳоршанбе), соати 19 ба сурати зинда ва мустақим бо миллати Эрон сухан хоҳанд гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, суханронии ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ соати 19 ба вақти Теҳрон ба сӯрати зинда аз шабакаҳои радио ва телевизионӣ ва ҳамчунин шабакаҳои бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш хоҳад шуд.

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 18 июни 2021 баргузор мешавад.

 

Барчасп