Улянов: Имрӯз дар бораи ояндаи музокироти Барҷом тасмимгирӣ мешавад
Дипломати баландпояи Русия эълом кард: Дар нишасти рӯзи якшанбе (20 июни 2021) комиссиюни муштараки Барҷом дар бораи ояндаи музокироти Вена дар бораи эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон тасмимгирӣ мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов-сафир ва намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена дар тветте эълом кард : Имрӯз ( якшанбе ) комиссиюни муштараки Барҷом ташкил мешавад, то дар бораи ояндаи музокирот тасмимгирӣ шавад .
Вай афзуд : Тавофуқ дар бораи эҳёи Барҷом дар дасти баррасӣ аст, аммо ҳануз ниҳоӣ нашудааст.
Иттиҳодияи Аврупо бо судури баёнияи расмӣ эълом кард, ки нишасти комиссиюни муштараки Барҷом ( якшанбе ) ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад .
Дар ин баёния, ки нусхае аз он дар торнамои бахши иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, омадааст: Ин нишаст дар сатҳи муовинон ва мудирони сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Эрон ва гурӯҳи чаҳор ба иловаи як баргузор хоҳад шуд .
Ширкаткунандагон қарор аст ба ройзаниҳо перомуни бозгашти эҳтимолии Амрико ба Барҷом ва итминон аз иҷрои комил ва муассири ин тавофуқ идома диҳанд.
Раёсати ин нишаст бар ӯҳдаи Энрикеи Моруи-муовини дабири кулли бахши иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд. Сайидаббоси Ироқчӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳам раёсати ҳайати эрониро бар ӯҳда хоҳад дошт .
Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба унвони кишвари масъӯлиятпазир эълом кардааст, ки дар сурати лағви тамоми таҳримҳо ва иҷрои таъаҳҳудоти тарафҳои дигари ин тавофуқи байналмиллалӣ ба иҷрои комили таъаҳҳудоти барҷомӣ бозмегардад.
Бештар бихонед:
- Кремл : Барҷом қобили бозгашт ба шакли аввалия аст
-
Ғарибободӣ: Фаротар аз БарҶом тааҳҳудеро дар ҳавзаи ҳастаӣ намепазирем