Июн 21, 2021 21:32 Asia/Dushanbe

Имрӯз 31 хурдод - солрӯзи шаҳодати доктор Мустафо Чамрон аст.

Имом Хумайнӣ (раҳ): “Шумоҳо чанд соли дигар нестед, дар ин олам, Чамрон ҳам нест, Чамрон бо иззату азамат ва бо тааҳҳуд ба Ислом ҷони худашро фидо кард, мисли Чамрон бимиред”.

Шаҳид Чамрон 30 хурдоди 1360, як рӯз қабл аз шаҳодати худ дар Аҳвоз ва дар ҷаласаи Шӯрои олии дифоъ барои охирин бор ширкат кард ва пас аз он ки хабари шаҳодати фармондеҳи нерӯҳои Даҳловия - Эраҷи Рустамиро дар саҳаргоҳи 31 хурдод дарёфт кард, ба суръат фарди дигареро барои фармондеҳӣ интихоб ва бо худ ба Даҳловия бурд.