Эъломи қимати ваксинаи эронии “Баракат”
Қимати ваксинаи коронаи эронии “баракат” 200 ҳазор тумон эълом шуд.
Раиси Созмони ғизо ва дорӯ гуфт: Ваксинаи “Баракат” муҷаввизи масрафи изтирорӣ дарёфт кардааст.
Муҳаммадризо Шонасоз афзуд: Умедворем фасли тобистон фасли ҷаҳиши тавлиди ваксинаҳои дохилӣ бошад ва то охири тобистон моҳона 10 миллион воя (доза) таъмин ва тазриқ шавад.
Шонасоз дар бораи қимати 200 ҳазор тумании ваксинаи “Ков Эрон Баракат” гуфт: Мо бар асоси арзи нимоӣ ваксинаҳои дохилиро қиматгузорӣ мекунем, зеро маводи аввалия, медиа, муҳити кишт ва резин бо арзи нимоӣ анҷом мешавад.
Шонасоз идома дод: Қимати ҳамаи ваксинаҳои эронӣ дар ҳамин ҳудуд аст.
Раиси Созмони ғизо ва дору баён кард: Бархе мехоҳанд коми мардумро талх кунанд ва исрор доранд, дар дили мардум нигарониву ташвиш эҷод кунанд ва шабакаҳои душман ба ҷои он ки бигӯянд: дар Ҷумҳурии исломии Эрон, ки солҳо таҳримаш карда будем, ҳоло ҳамаи платформаҳои ваксина дар дунё ба дасти донишмандони эронӣ дар ҳоли сохт аст, рӯйи қимат тамаркуз ё мавзӯе пайдо мекунанд, ки ҳаҷма ворид кунанд.
Вай идома дод: Мутмаин ҳастем, шабакаҳои душман барои оризасозии ваксинаҳои эронӣ сенарияҳои аз пеш таъйиншудае доранд ва барои ҳамин рӯйи сабти авориз ва назорат бар масрафи ваксинаҳо бисёр диққат мешавад.
Шонасоз таъкид кард: Аз мардум дархост дорем, ки ба ходимони худ дар ҳавзаи саломат ва фанноварӣ итминон ва бар асоси додаҳои саҳеҳу воқеӣ тасмимгирӣ кунанд. 200 ҳазор тумон барои маҳсулҳои донаӣ, ки бо ин ҳама заҳмату пуштвонаи илмӣ тавлид мешавад, дар муқоиса бо қимати ваксинаҳои дигар кишварҳо қимати болое нест ва бо афзоиши зарфияту теъдоди тавлид, ҳазинаи тамомшуда коҳиш пайдо мекунад ва фурсати тахфифу чоназанӣ бештар хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 СҶТ
- Тавлиди 4 миллион доза ваксинаи Баракат дар тир, 20 миллион то охири тобистон