Август 28, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Аввалин тиллои Эрон дар паралимпӣ

Вазнабардори эронӣ, дар мусобиқоти вазнабардории Паралимпиадаи Токио муваффақ шуд ба медоли тилло даст пайдо кунад.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, Рӯҳуллоҳи Рустамӣ, вазнабардори эронӣ, рӯзи шанбе дар мусобиқоти вазнабардории Паралимпиадаи Токио муваффақ шуд ба медоли тилло даст пайдо кунад.

Дар идомаи мусобиқоти ванабардории Паралимпиадаи Токио, Рустамӣ дар вазни 80 - килограм бо ҳарифон худ ба рақобат пардохт ва дар поён тавонист бо маҳори вазнаи 234 килограм ба медоли тиллои паралимпӣ расид.

Намояндаҳои Чину Миср, ҳам ба тартиб бо маҳори вазнаҳои 215 ва 213 килограм баъд аз Рустамӣ дар раддаҳои дувуму сеюм қарор гирифтанд.

Бо медоли тиллои Рустамӣ, Эрон то рутбаи 24 рақобатҳои Паралимпиадаи Токио роҳ ёфт.

Бештар бихонед: