Сентябр 05, 2021 12:26 Asia/Dushanbe
  • Пазириши нухбагони афғонистонӣ дар  парки фанноварии Пардис

Парки фанноварии Пардис ( дар атрофи Теҳрон ) бо интишори иттилоъияе аз омодагӣ барои пазириши нухбагони афғонистонӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи иттилоърасонии парки фанноварии Пардис, ин парк ба унвони муҳимтарин ва бузургтарин парки фанноварии Эрон якшанбе бо интишори иттилоъияе эълом кард нухбагони афғонистонӣ то поёни сентябри 2021 дар парки фанноварии Пардис пазириш мешаванд .
Дар ин иттилоъия омадааст  бо тавваҷуҳ ба нопойдории шароити сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвари дӯст, ҳамсоя ва бародари Афғонистон ва дар ҷиҳати ёрӣ ба бародарону хоҳарони мусулмон барои идомаи фаъолият­ҳои ҳирфаии худ дар ҳавзаи фанновариву навоварӣ, парки фанноварии Пардис барои ҷавонони нухба ва корофарини Афғонистонӣ барои корофаринӣ ва таъсиси муассисаи корофаринӣ ва ё иштиғол дар ширкататҳои фановарии мустақар дар парк шароиту имконоте фароҳам шудааст . Дар ин иттилоъия омадааст  ҳузури гуруҳҳо ва ширкат­ҳои таъсисшудаи ширкататҳои хориҷӣ дар паркҳо ва байналмилаллисозии фаъолияту бозори ширкатҳо аз аҳдофи таъсиси паркҳо дар ҷаҳон маҳсуб намешавад . Парки фанноварии Пардис  дар иттилоъияи худ овардааст дар ҳоли ҳозир низ даҳҳо неруи хориҷӣ дар ширкатҳои парк машғул ба кор ҳастанд ва 7 ширкат низ саҳҳомдорони хориҷӣ доранд .

 

Барчасп