Сентябр 12, 2021 13:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсӯии Иттиҳодияи Араб ва режими саҳюнистӣ дар иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон

Дар рӯзҳои ахир, Амрико ва муттаҳидони минтақаии ин кишвар бори дигар барномаи сулҳомези ҳастаии Эронро баҳона қарор додаанд то Эронро ба унвони таҳдид барои амният муаррифӣ кунанд.

Дар идомаи ин раванд, кумитаи худхондаи 4 ҷонибаи Иттиҳодияи Араб, дар нишасти ахири худ бо судӯри баёнияе саросар дурӯғу иддаоҳои кизб, бидуни ишора ба силоҳҳои атомии Исроил, аз барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ба унвони як таҳдид ном бурданд. Содиркунандагони ин баёния бо аҳдофе аз пеш тарроҳӣ шуда, хостори эҷоди созу корҳои лозим барои бозрасии фаврӣ ва фарогир аз тамомии сайтҳои ҳастаии Эрон шуданд.

Ҳамзамон бо ин иттиҳомсозиҳо, Яир Лапид, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ низ дар сафараш ба Маскав, Эронро ба талош барои сохти силоҳи атомӣ муттаҳам кард.

Вай  рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо хабаргузории «Спутник», иддао кард, Эрон дар остонаи дастёбӣ ба силоҳи атомӣ аст. Вай рӯзи панҷшанбе низ дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бо лафозиҳои таҳдидомез алайҳи Эрон иддао карда буд, ки Эрон ба дунболи силоҳи атомӣ аст.

Изҳороти мақомҳои режими саҳюнистӣ бар зидди Эрон дар воқеъ навъе фарофиканӣ ва такрори иддаоҳои музҳике аст, ки Натаняҳу, нахуствазири пешини режими Исроил чандин бор дар нишасти Маҷмаи умумӣ матраҳ кард ва ба иллати бе муҳтаво ва сохтагӣ будани он, мавриди тамасхур гирифт.

Сиёсати "Эронҳаросӣ", бахше аз таҳаррукоти муштараки мусалласи Амрико, Исроил ва бархе муттаҳидони арабии онҳо дар минтақа аст, ки дар ҳоли бозтакрор шудан аст. Акнӯн низ иддаоҳои нахнамо шуда гузашта, бори дигар чошнии иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон шуда ва ба баҳонаи ҳифзи БарҶорам, рангу луоби тозае ба худ гирифта  ва ба лафозиҳои таҳдидгӯна алайҳи Эрон табдил шудааст.

Заҳро Иршодӣ, муовини намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар номае ба раиси Шӯрои амнияти Созмони милал дар хусӯси таҳдидоти мақомоти режими Исроил алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон, нисбат ба ҳаргуна муҳосибаи иштибоҳи эҳтимолӣ ё иқдоми моҷроҷӯёнаи режими Исроил ҳушдор дод ва тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақи зотии худ бар асоси ҳуқуқи байналмилал барои анҷоми тамоми иқдомоти лозим ҷиҳати ҳифозату дифо аз шаҳрвандон, манофеъ, таъсисот ва ҳокимияти худ дар баробари ҳар гуна иқдомоти террористӣ ё ихлолгаронаро маҳфӯз медорад.

Савол ин аст, ки оё режими саҳюнистӣ ва бархе режимҳои саркаши араб, ки иқдом ба барқарории равобити расмӣ бо режими ишғолгару ҷинояткори саҳюнистӣ кардаанд, воқеан "нигарони амнияти минтақа ҳастанд? Қатъан" посух ба ин суол манфист.

Ин ҳошиясозиҳо, дар воқеъ аҳдофу мақосиди хосеро дунбол мекунад, ки яке аз анҳо ба ҳошия рондани масаълаи Фаластину сарпӯш гузоштан бар далоили аслии буҳронҳо ва ҷангҳои минтақа аст, ки бо тарроҳии муштараки Амрико, Исроил ва Арабистон бар кишварҳои минтақа таҳмил шудааст.

Gareth Porter, таҳлилгари сиёсии машҳури амрикоӣ мегӯяд:

"Воқеият ин аст, ки омили таҳдид дар минтақа кишварҳое ҳастанд, ки тамомии талоши худро барои хариди ҷангафзор аз Амрико мекунанд."

Режими Исроил ва режимҳои араби минтақа, ки ба ормони Фаластин хиёнат кардаанд дар воқеъ худ бахше аз илали ноамнии минтақа ҳастанд. Ҳамсӯии онҳо бо Исроилу Амрико дар қолиби баёнияҳои такрори иддаои таҳдид будани барномаи ҳастаии Эрон барои амнияти минтақа низ навъе аз фиребкории сиёсӣ барои ворунасозии ҳақоиқ аст. Режими Исроил дар ҳоле барномаи ҳастаии Эронро таҳдид меномад, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳти назорати комилу мустамари ожонс аст, аммо режими саҳюнистӣ, ки ҳеҷ назорате бар фаъолиятҳои ғайримутаорафи ҳастаиаш намешавад, байни 200 то 300 кулоҳаки атомиро дар ихтиёр дорад.

Он гуна, ки Саъиди Хатибзода, сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон дар вокуниш ба ин иддаоҳо хотирнишон кардааст, дағдағаи аслии бонёни чунин баёнияҳое, хизмати ошкору пинҳон ба режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп