Тахтиравончи : Дар сурати иродаи сиёсӣ, халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳон амалӣ мешавад
(last modified Sun, 31 Oct 2021 10:31:37 GMT )
Октябр 31, 2021 15:31 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончи : Дар сурати иродаи сиёсӣ, халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳон амалӣ мешавад

Сафири Эрон дар Созмони Миллал Муттаҳид гуфт : Чунончи иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад халъи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон метавонад амалӣ шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷиди Тахтиравончи ҳамзамон бо ҳафтаи ҷаҳонии халъи силоҳ афзуд : Дар замони иҷроӣ шудани муоҳидаи манъи густариш дар соли 1970, кишварҳои узви мутаъаҳҳид ба халъи силоҳи ҳастаӣ шуданд ; ба иборати дигар  кишварҳои дорандаи силоҳи ҳастаӣ таъаҳҳуд карданд, ки силоҳҳои ҳастаии худро нобуд кунанд .

 

  • Ин дипломати Эрон тасреҳ кард : То кунун шумори зиёде аз кишварҳо ба рағми таъаҳҳуди сареҳ ба халъи силоҳи ҳастаӣ тибқи модаи 6 муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастае( NPT) ба баҳонаҳои сиёсӣ аз пазириши ин муоҳида сарпечӣ карданд .

Бар асоси муоҳидаи манъи ишоъау густариши силоҳҳои ҳастаӣ кишварҳои ҳастаӣ мутаъаҳҳид шудаанд тамоми таслеҳоти атомии худро мунҳадим кунанд ; баъалова ، онҳо аз назар ҳуқуқӣ муваззафанд на танҳо аз ҳаргунаи иқдом барои сохт силоҳи ҳастае худдорӣ кунанд , балки бояд аз интиқоли ин гуна силоҳҳо ба дигари кишварҳо, истиқрори онҳо дар хориҷ аз хоки хеш ва ҳамкорӣ бо дигари давлатҳо барои сохти силоҳи атомӣ низ бипарҳезанд . 28 октябр ( 6 обонмоҳ ) қатъномаи дусолонаи пешниҳодии Ҷумҳурии исломии Эрон бо унвони " Пайгирии иҷрои таъаҳҳудоти тавофуқшуда дар конфаронсҳои бознигарии давлатҳои узви NPT дар солҳои 1995, 2000 ва 2010 бо ҳимояти аксарияти аъзои Созмони Миллал дар кумитаи аввали Маҷмаъи умумӣ ба тасвиб расид . Қарор аст ин қатъномаи ҳудуди як моҳи дигар ба саҳни Маҷмаъи умумии Созмони Миллал ироа ва дар онҷо ба тасвиби ниҳоӣ бирасад . Ин қатънома аз кишварҳои ҳастаии узви NPT мехоҳад ба иқдомоти лозим ҷиҳати иҷрои таъаҳҳудоташон устувор бар нобудии комили зарродхонаи таслеҳоти атомии худ бар асоси усули шафофият, баргаштнопазирӣ ва назорати байналмиллалӣ суръат бибахшанд .