Амирабдуллоҳиён: Дар музокира барои дастёбӣ ба тавофуқи хуб ҷиддӣ ҳастем
(last modified 2021-11-30T05:48:46+00:00 )
Ноябр 30, 2021 10:48 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Дар музокира барои дастёбӣ ба тавофуқи хуб ҷиддӣ ҳастем

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, бо вуҷуди бадаҳдӣ ва беамалии Амрико ва се кишвари аврупоӣ, Теҳрон бо ҳусни ният ва ҷиддият вориди музокироти ҳастаии Вена шудааст ва дар талош бар дастёбӣ ба як тавофуқ хуб аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳён, вазири умури хориҷаи Эрон бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла таҳаввулоти Афғонистон ва музокироти ҳастаӣ дар Вена ба сурати телефонӣ ба гуфтугӯ ва табодули назар пардохт.

Амирабдуллоҳиён дар тавсифи вижагиҳои як тавофуқи хуб афзуд: Тарафҳои муқобил мебоист ба тааҳҳудоти комили худ дар БарҶом баргарданд, дар ин сурат Эрон низ иқдомоти ҷубронии худро мутаваққиф хоҳад кард.

Вай дар идома ба гуфтугӯҳои созандаву рӯ ба пеши раиси Созмони энержии атомии Эрон ва Рофаэл Груси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Теҳрон ишора карду афзуд: Теҳрон ба ҳамкориҳои фаннӣ бо ожонс идома медиҳад.

Нишасти рӯзи нахусти музокироти Вена барои лағви таҳримҳо байни дипломатҳои аршади гурӯҳи 4+1 Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе пас аз ҳудуди ду соат поён ёфт.

Дар ин нишаст, ҳайати эронӣ бо ҳадафи тамаркузи ҷиддӣ бар масъалаи рафъи таҳримҳо алайҳи миллати Эрон, бо таркибе ҳуқуқӣ - иқтисодӣ ҳузур ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп