Узвияти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Шӯрои иҷрои Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ
Ҷумҳурии исломии Эрон дар бистушашумин конфронси солонаи кишварҳои узви Конвенсияи силоҳҳои шимиёӣ, ки рӯзи душанбе дар Лоҳа (Гаага) баргузор шуд, барои як давраи дусола ба узвияти Шӯрои иҷроии ин созмон даромадааст.
Ба гузориши ИРНА, узвияти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Шӯрои иҷроӣ дар ҳоле ба сурати иҷмоӣ дар бистушашумин конфронси созмон тасвиб шудааст, ки дар солҳои ахир Амрико ва бархе аз кишварҳои ҳамсӯ бо Вашингтон талош кардаанд то бо эъмоли фишор ба аъзои созмон, монеъ аз узвияти Эрон дар Шӯрои иҷроӣ ва тасаддии постҳои ин созмон шаванд. Эрон ҳамакнун масъулияти муовинати осиёии шӯрои мазкурро низ бар ӯҳда дорад.
Шӯрои иҷроӣ яке аз аркони муҳими Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ аст ва 41 узв дорад.
Конвенсияи силоҳҳои шимиёӣ муҳимтарин муоҳидаи байналмилалии манъи тавлид, анбошт ва истифода аз силоҳҳои шимиёӣ аст, ки дар 13 январи 1993 ниҳоӣ ва дар 29 апрели 1997 лозимулиҷро шуд. Дар ҳоли ҳозир 193 кишвар ба ин конвенсия пайвастаанд.
Дар нишасти рӯзи душанбе, илова бар Ҷумҳурии исломии Эрон, кишварҳои Ироқ, Покистон ва Малайзия низ барои давраи замонии аз соли 2022 то 2024 ба узвияти Шӯрои иҷроӣ даромадаанд.