Ноябр 12, 2016 21:20 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати хабарнигори Эрон дар Ҳалаби Сурия

Хабарнигори хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи амалиётии Ҳалаб, дар шимоли Сурия ба шаҳодат расид.

  Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳсини Хазоӣ, хабарнигори эъзомии хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри рӯзи шанбе дар минтақаи амалиётии Ҳалаби Сурия, бар асари таркиши гулӯлаи хумпораи террористҳо ба шаҳодат расид. Томир Сандуқ, тасвирбардори хабаргузории Садо ва симо ҳам аз қисмати китф захмӣ шуда ва ҳамакнун дар бемористон бистарӣ аст.

  Гурӯҳи хабарии хабаргузории Садо ва симо ба ҳамроҳи соири расонаҳо барои пӯшиши охирин вазъияти майдонии набард бо террористҳо ва пешравии неруҳои артиши Сурия, дар минтақаи Минён дар ғарби шаҳри Ҳалаб ҳузур дошт, ки террористҳо бо хумпора ин гурӯҳро мавриди ҳамла қарор доданд.

   Радио тоҷикӣ дар гузоришоти таҳаввулоти майдонӣ дар Сурия, аз гузоришҳои ин шаҳид баҳра мебурд.

 Ёду номашро гиромӣ медорем.