Боқирии Канӣ : Эрон чизе камтар аз Барҷомро намепазирад
Музокиракунандаи баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон дар музокироти Вена гуфт : Эрон чизе камтар аз Барҷомро нахоҳад пазируфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирии Канӣ-музокиракунандаи баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон дар музокирот бо гуруҳи 4+1 дар гуфтугӯ бо ПессТВ бо баёни ин ки мавзӯъоти ихтилофии 6 даври музокираи қаблӣ дар Вена ҳануз ҳал нашуда ва рӯйи миз аст, афзуд : Дар пешнависе, ки ҳосили гуфтугӯҳои Вена ва баъд аз 6 даври гуфтугӯ аст, чанд мавзӯи ихтилофии байни тарафҳо боқӣ монда, ки ниёзманди тасмимгирӣ дар сатҳи олӣ аст .
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Бархе аз ин масоил дар тайи гуфтугӯҳое, ки чанд рӯзи гузашта анҷом шуд, мавриди қабули тарафи муқобил қарор гирифта ва бархе низ мавриди қабули тарафи муқобил қарор нагирифтааст .
Боқирӣ дар бораи изҳороти мақомоти Амрико мабнӣ бар ин ки дар музокироти қаблӣ ба сӯрати равшан гуфта буданд, ки ҳамаи таҳримҳоро барнахоҳанд дошт, афзуд : Дар ин давр аз гуфтугӯҳо дар бораи рафтори амрикоиҳо пешқазоват намешавад ва бар асоси рӯйкарди ҷадиди онҳо қазоват хоҳад шуд .
Нишасти комиссиюни муштараки Барҷом рӯзи панҷшанбе бо ҳузури намояндагони гуруҳи 4+1,Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон баргузор ва муқарар шуд гуфтугӯҳо дар хусуси матни пешниҳодии Эрон дар сатҳҳои мухталиф идома ёбад .