Таҳлил: Бандари Чобаҳор; тамоюли чандсӯя барои тавсеаи тиҷорати Осиё
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯйкарди давлати Узбекистон барои истифода аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор барои тавсеаи тиҷорату сармоягузории ин кишвар истиқбол мекунад.
Алиакбари Сафоӣ, муовини вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар дувумин нишасти сеҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳинд ва Узбекистон, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, бо баёни ин мавзӯ афзуд, бо пайвастани Узбекистон ба тафоҳумномаи Чобаҳор, дар ояндаи наздик шоҳиди ҳамвор шудани масири транзити коло байни Ҳинд, Эрон ва Узбекистон хоҳем буд.
Ҳинд дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои дарёӣ бо Эрон фаъолияти худро бавижа дар ҳавзаи колои умумӣ аз муддатҳо пеш дар бандари Чобаҳор оғоз кардааст.
Теҳрон аз ҳамкории соири кишварҳо низ барои ҳамафзоии ҳамкориҳои чандҷониба ва роҳбурдӣ бо кишварҳои минтақа истиқбол мекунад.
Суръат, осонӣ ва амният 3 муаллафае аст, ки дар тиҷорат ва ҳамлу нақли коло, таъйинкунанда аст. Савоҳили Макрон ва Чобаҳор, аз ҷумлаи нуқоти муҳим ва стротежӣ аст, ки аз ин се муаллафа бо зарфиятҳои боло бархӯрдораст.
Бандари Чобаҳор, танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар карона дарёи Макрон ва Уқёнуси Ҳинд қарор дорад. Бо тавваҷӯҳ ба узвияти Ҳинд дар каридори байналмилалии шимол - ҷануб, ин масир барои Деҳлии Нав ин имконро фароҳам кардааст, ки ба бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ, монанди Тоҷикистону Туркманистон ва Узбекистон ва захоири энержии онҳо ва ҳамчунин Туркия, Русия ва дар ниҳоят шимоли Аврупо дастрасӣ пайдо кунад.
Роҷу Нороён, коршиноси аршади Маркази хадамоти муттаҳиди Ҳинд, мегӯяд: Геополитика Чобаҳор ва фазои ҷадиди эҷод шуда, бозигарони ҷадиди фароминтақаиро низ ҷазби ин каридор хоҳад кард ва мумкин аст, мунҷар ба ташкили блоки ҷадиде аз ҳалқаҳои тиҷорӣ гардад.
Дар ҷуғрофиёии минтақа, дастрасии тронзитӣ ва тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳавзаи Қафқоз ба обҳои озоди дорои аҳаммияти роҳбурдӣ аст, ки бо истифода аз зери сохтҳои иртиботии Эрон қобили дастрасӣ аст. Ин зарфиятҳо мавқеъияти муносибиро барои тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду ва чандҷониба эҷод кардааст. Дар ҳоли ҳозири илова бар Роҳи Абрешими ҷадид бо нақши меҳварии Чин, кишварҳои Авруосиё бо тақвият ва тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии шимол - ҷануб қасди васл кардани кишварҳои ҷанубии Осиёро ба кишварҳои шимолӣ ва ғарбӣ Аврупо доранд. Бандари роҳбурдии Чобаҳор бо зарфиятҳои қобили тавваҷӯҳи худ бо истифода аз масирҳои таркибӣ; обӣ, рейлӣ ва заминӣ метавонад посухгӯи бахше аз ниёзҳои рӯ ба афзоиши тиҷорати коло бошад.
Абдулсамад Муминов, муовини вазири ҳамлу нақли Узбекистон дар ҳамин хусӯс дар нишасти сеҷонибаи Теҳрон бо баёни инки ҳаҷми мубодилоти тиҷории Узбекистону Ҳинд дар соли гузашта афзоиши қобили таваҷҷӯҳе доштааст, таъкид кард, бандари Чобаҳор метавонад нақши пурранге дар тасҳили ҳамлу нақли байни кишварҳои минтақа дошта бошад.
Чобаҳор бо тавваҷӯҳ ба мавқеъияти мумтози ҷуғрофиёӣ дар сатҳи ҷаҳон ва меҳвари буданаш ба унвони ҳалқаи иртиботии масирҳои тиҷории минтақаӣ, беҳтарин макон барои фаъолиятҳои тиҷорӣ ва сармоягузории чандҷониба аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин росто бо таъкид бар доштани беҳтарин равобит бо ҳамсоягон; авлавияти дипломатии иқтисодии худро рафъи мавонеъи ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва баҳрагирӣ аз паймонҳои чандҷониба назири ЭКО, D8 ва тадвини барномаи ҳамкории баландмуддат бо созмонҳо ва иттҳодияҳои қудратманди Осиё ҳамчун Авруосиё ва Шанхай қарор додааст.
Ҷеймс Дорси, муҳаққиқ ва коршиноси муассисаи мутолиоти роҳбурдии Амрико бо ишора ба нақши пурранги Эрон дар Осиёи Миёна муътақидаст: Ниёзи кишварҳои Осиёи Миёна ба банодири Эрон сабаб шудааст, ки ба рағми таҳримҳои Иёлоти муттаҳида, ин кишварҳо ҳамчунон равобити худ бо Теҳронро дар авлавият қарор диҳанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоюли зиёде ба истифода аз зарфиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон бавижа бандари Уқёнусия ва роҳбурдии Чобаҳор доранд. Бо тавваҷӯҳ ба ин тамоюли чандсӯя пешбинӣ мешавад, ки бо ҳамкории Ҳинд, Эрон, Афғонистон ва Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, фаъолияти бандари Чобаҳор беш аз пеш шавад.
Бештар бихонед:
- Набзи иқтисоди Душанбе дар Чобаҳор мезанад
- Бандари Чобаҳори Эрон; фурсати беназири иқтисоди Осиёи Марказӣ