Табрики вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба масеҳиёни ҷаҳон
(last modified Sat, 25 Dec 2021 06:11:38 GMT )
Декабр 25, 2021 11:11 Asia/Dushanbe
  • Табрики вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба масеҳиёни ҷаҳон

Вазири умури хориҷаи Эрон, дар паёме зодрӯзи ҳазрати Исои Масеҳ (а) ва соли нави милодиро ба масеҳиёни саросари ҷаҳон хусусан ҳаммеҳанони масеҳӣ табрик гуфт.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон, дар паёме зодрӯзи ҳазрати Исои Масеҳ (а) соли нави милодиро ба масеҳиёни саросари ҷаҳон хусусан ҳаммеҳанони масеҳӣ табрик гуфт.

Дар паёми вазири умӯри хориҷаи Эрон омадааст, фархундаи мелоди ҳазрати Исои Масеҳ (а), паёмбари сулҳу оштӣ ва парчамдори меҳрварзӣ ва навъдӯстӣ ва ҳамчунин фарорсидани соли нави милодӣ ба унвони ҷашни шодмонии масеҳиён дар саросари ҷаҳон, ба хусӯс ҳамватанони меҳандӯсти масиҳиамро табрику таҳният арз мекунам.

Вай дар паёми худ овардааст, дар рӯзгори сахти кунӯнии ношӣ аз ҳамагирии корона ҳамаи башарият беш аз пеш ниёзманди маваддату дӯстӣ ва таҳаққуқи паёмҳои нӯронӣ ва осмонии расулони илоҳӣ аст, чашми умеди ҳама ба сулҳу ҳамзистӣ байни пайравони адёни иброҳимӣ ва рафъи зулму ситам ва беадолатӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин паём овардааст барои ҳамаи мардуми ҷаҳон, ба хусӯси пайравони дин ва оини ҳазрати Исои Масеҳ(а), соле ҳамроҳ бо саломатӣ, шодӣ ва беҳрӯзӣ орзӯмандам.