Боқирӣ: Рамзи муваффақияти музокироти Вена дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи лағви таҳримҳост
(last modified Tue, 28 Dec 2021 05:22:13 GMT )
Декабр 28, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ: Рамзи муваффақияти музокироти Вена дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи лағви таҳримҳост

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон душанбешаб, пас аз нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом дар Вена таъкид кард, рамзи муваффақияти музокирот дар Вена дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи лағви муассири таҳримҳои золимона алайҳи Эрон аст.

Ба гузориши ИРНА, Алии Боқирӣ хотирнишон кард, дар нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом тарафҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамоҳангкунандаи Комиссиюни муштараки БарҶом бар муваффақиятомез будани даври қаблии гуфтугӯҳо таъкид ва эътироф доштанд, ки пешрафтҳои  хубе дар даври қаблии гуфтугӯҳо ҳосил шуда ва дар воқеъ чорчӯби муносибе барои пешбурди гуфтугӯҳо фароҳам шудааст.

Боқирӣ бо баёни ин ки намояндагони кишварҳои мухталиф дар ин нишаст бар аҳамият ва авлавият доштани расидагӣ ба мавзӯи рафъи таҳримҳо ва ҳамчунин мавзӯи ростиозмоӣ ва тазмин дар даври ҳаштуми гуфтугӯҳои Вена таъкид карданд, афзуд, аз субҳи рӯзи сешанбе гуфтугӯҳо бо мавзӯи рафъи таҳримҳо ва низ таъкид бар баррасии пешниҳодҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи ду мавзӯи муҳими ростиозмоӣ ва тазминҳо оғоз хоҳад шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре масъулиятпазир борҳо эълом кардааст, бо тавваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буда, ки тавофуқи БарҶомро нақз карда, ин Вашингтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои тааҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.

 

Бештар бихонед: