Феврал 01, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Аз 12 то 22 баҳман моҳи 1357 шамсӣ рӯзи пирӯзии инқилоб,таҳаввулоте дар Эрон рӯй дод,ки мунҷар ба барчида шудани низомӣ фосиди шоҳаншоҳи шуд.
    Аз 12 то 22 баҳман моҳи 1357 шамсӣ рӯзи пирӯзии инқилоб,таҳаввулоте дар Эрон рӯй дод,ки мунҷар ба барчида шудани низомӣ фосиди шоҳаншоҳи шуд.

12 баҳман солрӯзи вуруди таърихии Имом Хумайнӣ бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломи ба Эрон баъд аз 14 сол дурӣ ва табъид аст. Ин бозгашт муқаддимае барои ҳаракати бесобиқаи мардум ва ба самар расидани инқилоби исломӣ буд, ки дар қарнҳои ахир бесобиқа аст.

Инқилоби Исломии Эрон муҳимтарин ва бузургтарин инқилоби дуввумини қарни бистум маҳсуб мешавад, пирӯзии инқилоб дар ҳақиқат ироаи як миллати бузург барои бадаст овардани истиқлол ва иззат ва берун омадан аз зери султаи қудратҳои истекбори буд, ҳангоме,ки ҷаҳон байни ду абарқудрат шарқ ва ғарб тақсим шуда буд ,инқилоби мардуми Эрон бо шиъори на ғарбӣ на шарқӣ ва бо раҳбарии Имом Хумайнӣ (ра) дар 22 баҳман моҳи соли 1357 шамсӣ ба пирӯзӣ расид.

Аз 12 то 22 баҳман моҳи 1357 шамсӣ рӯзи пирӯзии инқилоб,таҳаввулоте дар Эрон рӯй дод,ки мунҷар ба барчида шудани низомӣ фосиди шоҳаншоҳи шуд. Ин 10 рӯзи сарнавиштсози муҳосиботи ражими шоҳаншоҳи ва ҳомиёнаш аз ҷумла Амрикоро барҳам зад, шикасти тарфанди ҷилавгирӣ аз бозгашти Имом Хумайнӣ ба меҳан дар 12 баҳман,ташкили давлати муввақат аз сӯйи Имом Хумайнӣ (р), эъломи ҳамбастагии коркунони бахшҳои ҳасос ҳамчун саъати нафт бо хезиши инқилобии мардум, инҳилоли шӯрои салтанат беасар шудани муққарароти ҳукумати низомӣ бо дастури Имом ва ҳузури мардум дар хиёбонҳо ва байъати таърихии ҷамъи аз ҳамофарон дар нуздаҳуми баҳман бо Имом аз муҳимтарин таҳаввулоти сарнавиштсоз буд, ки пирӯзии инқилобро рақам зад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами Инқилоб дар бораи ин рӯз мефармояд: Рӯзи давоздаҳум ба як маъно, рӯзи шурӯъи қудрати Ислом аст. Агар чӣ дар давоздаҳуми баҳмани соли 57, ҳанӯз зоҳиран низомӣ тоғут сари кор буд, аммо дар воқеъ набуд. Дар воқеъ бо вуруди Имоми бузургавор, ин низомӣ пусидаи фосид ва асли низомӣ подшоҳи,ки як режими иртиҷоъи ва ғалат ва ғайри инсонӣ ва ғайри қобили қабул буд, пуч ва  нобуду дуд шуд ва аз байн рафт. Талоши беҳудае мекарданд балки битавонанд онро наҷот бахшанд ва то чанд рӯз идома диҳанд,ки намешуд ва нашуд.

Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ аз ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ бо ҳеҷ як аз инқилобҳо дар дигар кишварҳо, қобили қиёс нест. Дар воқеъ ба ҷуз инқилоби исломӣ ҳеҷ як аз инқилобҳои дигар мушахасот ва аносири як инқилоби воқеъиро,ки дарбаргузидаи тамоми боварҳо ва арзишҳои он ҷомеъа ва мушорикати тамоми ақшори иҷтимоъӣ бошад, надоштааст.

Имом Хумайнӣ (раҳ) дар бораки муқоисаи Инқилоби исломии Эрон бо инқилобҳои бузурги дунё мефармоянд: Ин инқилоби Фаронса, он инқилоби Шӯравӣ, мутолиъа кунед. Ашхос бубинанд, ки оё қабл аз инқилобҳо чӣ будааст ва ҳоло чӣ ҳаст . Оё ба ҳоли миллатҳо амри ҳосил шудааст?

Имом Хумайнӣ (раҳ) ки ба ин авзоъи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ ҷомеъаи Эрон дар соли авҷгирии наҳзат ва қабл аз он огоҳ буданд, муҳимтарин омили пирӯзӣ ва рамзи маваффақиятро ҳамоно "Таҳаввули Иллоҳи" медонистанд,ки дар рӯҳи мардум эҷод шуда буд. Дар чунин шароъите мардум бо иноят ба Худованди мутаъол ,тарсе аз режими шоҳаншоҳи надоштанд ва бо шуҷоъат дар баробари ин режим истоданд.

Нақши Раҳбарӣ дар пирӯзии инқилоби исломӣ.

Нақши Раҳбарӣ дар ҳидоят ва такиягоҳ барои ҷомеъа , амри имконопазир аст ва вуҷӯди Раҳбарӣ , ки бо истифода аз дониш ва биниш ва нуфӯз битавонад парчамдори ҳаракати инқилобии мардум бошад бисёр ҳаёти аст. Имом Хумайнӣ (раҳ) раҳбари мудабир, шуҷоъ, мутаффакири огоҳ ба замон ва масоили ҷаҳонӣ буданд, ки бо баҳрамандӣ аз шеваҳои навин ва бадеъ, бузургтарин инқилоби муъосирро ҳидоят карданд.

Ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) бо тарбияти нерӯҳои муттаҳид ,густариши эдиалежии инқилобӣ ва басиҷи умумӣ ва ба саҳна овардани нухбагон ва тудаҳо, ҳаракати бисёр густарда ва қудратманде ба вуҷуд оварданд,ки режими шоҳаншоҳи ва ҳомиёни хориҷии онро ғофилгир ва нотавон аз ҳаргуна иқдоме барои ҷилавгири аз инқилобӣ исломии мардуми Эрон кард, пас аз он ин итнқилоб миншои таҳаввулот ва улгӯи бедории миллатҳои мусалмон ва таҳти ситам дар ҷаҳон шуд.

 Юду Эштайн Бох мудири муасисаи шарқшиносии Олмон дар бораи нақши раҳбарии Имом дар  инқилоби исломӣ мегуяд: Имом Хумайнӣ сиёситарин раҳбари маънавии ҷаҳон, бо шахсияти ҷаззоб ва коризмотик буд. Тамоми ормонҳои ҷумҳурии исломӣ, ки бармабнои онҳо сохта шудааст, аз афкори ишон ришта мегирад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп