Табрики милоди Имом Ҳусайн ( ъ ) ва рӯзи Посдор
Якшанбе-шашуми марти 2022 баробар бо сеюми шаъбони 1443 ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи валодати Имом Ҳусайн ( ъ )-набераи поки Паёмбар(с) ва рӯзи Посдор аст .
Сеюми шаъбон, солрӯзи милоди саросар майманати бузургпосдори ислому шариъати Муҳаммадӣ ( с ) аст, ки бо фидокории беназири хеш дар овардгоҳи Карбало дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омухт ; шахсияти бузурге, ки намунаи дифо ва посдорӣ аз Қуръони карим ва исломи азиз шуд .
Ҳазрат Имом Хумайнӣ ( раҳ )-бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи меиоди Имом Ҳусайн ( ъ )-ро рӯзи Посдор ном ниҳод, то иззат, озодагӣ ва басирати Имом Ҳусайн то ҳамеша усваву намунаи зиндагӣ ва сираи пайравонаш, бахусус посдорони Инқилоби исломӣ шавад . Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони як неруи низомии муассир дар ҳифзу сиёнат аз Инқилоби исломӣ ва низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ифтихороти бузурге аст, ки ҳамвора дар таърихи Эрон медурахшад .
Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи милоди босаодати ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ )-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд .