Шайтанатҳои кучаки душман бо посухи бузурги Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i83274-Шайтанатҳои_кучаки_душман_бо_посухи_бузурги_Эрон_рӯ_ба_рӯ_хоҳад_шуд
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, шайтанатҳои кучаки душманон бо посухи бузурги Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 28, 2022 07:13 Asia/Dushanbe
  • Шайтанатҳои кучаки душман бо посухи бузурги Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, шайтанатҳои кучаки душманон бо посухи бузурги Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар боздид аз ёдмони Валфаҷри - 8 дар устони Хузистон, ҷануби ғарби Эрон, бо ишора ба ҳузури густардаи ҷавонон дар ёдмонҳои Дифои Муқаддас афзуд: Иззат, каромат, бузургӣ ва истиқлоли феълии Эрони исломӣ марҳуни рашодатҳои шуҳадои воломақом аст.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таъкид кард, имрӯз пояи қудрати Ҷумҳурии исломии Эрон мустаҳкам ва қавӣ аст ва Эрон дар ҷаҳон медурахшад, ки тамоми ин иззату шукуҳ мадюни ҳамосаофаринии шуҳадо аст.