Вазири нафти Эрон: Зарфияти тавлиди нафт ба қабл аз таҳримҳо расид
(last modified Fri, 01 Apr 2022 14:20:34 GMT )
Апрел 01, 2022 19:20 Asia/Dushanbe
  • Вазири нафти Эрон: Зарфияти тавлиди нафт ба қабл аз таҳримҳо расид

Вазири нафти Эрон гуфт, зарфияти тавлиди нафти Эрон ба қабл аз таҳримҳо, яъне ба беш аз се миллиону 800 ҳазор бушка расидааст.

Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон панҷшанбешаб дар бораи зарфияти тавлиди нафти Эрон афзуд, бо иқдомоти муассире, ки дар маёдини нафтӣ, аъам аз хушкӣ ва дарё, ҳаффории чоҳҳои ҷадид, бозсозӣ ва навсозии таъсисоту марокизи ҷамъоварии нафт анҷом шуд, имрӯз зарфияти тавлиди нафти Эрон ба қабл аз таҳримҳо расид.

Авҷӣ гуфт, дар бахши газ ҳам бо иқдомоти хубе, ки дар ширкати миллии нафт ва ширкати миллии газ дар фасли зимистон анҷом шуд, болотарин мизони тавлиди газ аз Порси Ҷанубӣ ба мизони 705 миллион метри мукааб дар рӯз рақам хурд.

Вазири нафти Эрон дар бораи далоили афзоиши фурӯши нафт низ гуфт, бо шиносоии муштариён ва бозорҳои ҷадид, истифода аз равишҳои мухталиф дар қарордодҳои нафтӣ ва истифода аз неруҳои мутааҳҳиду мутахассис, фурӯши нафт афзоиш ёфт.

Бо идомаи ҳамлаи Русия ба Украина, ки беш аз як моҳ аз он мегузарад ва бо ҳамалоти ахири неруҳои мусаллаҳи Яман ба таъсисоти нафтии Арабистон, қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиши чашмгире ёфт.

Арабистон баъд аз ин ҳамалот эълом кард, ки масъулияте дар қиболи таодули бозори нафт надорад ва ин мавзуъ қимати нафтро дар бозоҳои ҷаҳонӣ афзоиш дод.