Апрел 06, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Дар миёни шаҳрҳои мухталифи Эрон, Чобаҳор бо қарор гирифтан дар ҳошияи дарёи Уммон ва наздик ба Халиҷи Форс, аз мавқеияти вижае бархурдор шудааст
    Дар миёни шаҳрҳои мухталифи Эрон, Чобаҳор бо қарор гирифтан дар ҳошияи дарёи Уммон ва наздик ба Халиҷи Форс, аз мавқеияти вижае бархурдор шудааст

Мавқеияти ҷуғрофиёии бархе аз шаҳрҳо дар кишварҳои мухталиф, нақш ва аҳамияти ин шаҳрҳоро музоаф, ва ба ин даста аз шаҳрҳо мақеияти стратежики атто кардааст.

Дар миёни шаҳрҳои мухталифи Эрон, Чобаҳор бо қарор гирифтан дар ҳошияи дарёи Уммон ва наздик ба Халиҷи Форс, аз мавқеияти вижае бархурдор шудааст. Ба ҳамин далел аст, ки бисёре аз кишварҳои минтақа аз ин шаҳр ба унвони як шаҳри муҳим ва ҳасос  дар минтақа ёд мекунанд.

Бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон воқеъ шуда ва ба далели бархурдорӣ аз мавқеияти роҳбурдӣ ва наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ҳамчун Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба обҳои гарм ва озоди байналмиллали ва аз аҳамияти фаровоне барои ин кишварҳо ва ҳамчунин Ҳинд бархурдор аст.

Дар иртибот бо аҳамияти бандари Чобаҳор  Пирмуҳаммад Муллозаҳи коршиноси барҷастаи масоили шибҳи қора, дар мусоҳиба бо шабакаи Бозор гуфт: Ҳинд ба як шарики минтақаии қудратманд дар минтақа ниёз дорад ва ҷумҳурии исломии Эрон шарики мавриди назари раҳбаронӣ Ҳинд аст.

Ин коршинос ва соҳибназари масоили шибҳи қора ҳамчунин эълом кард: Раҳбарони Ҳинд нигоҳи буландмудате ба масирҳои иртиботии кишварҳои минтақа доранд. Ба ҳамин далел Деҳлии нав умедвор аст то бандари Чобаҳорро ба бандари муҳим табдил кунад то кулли содирот ва воридоти Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аз тариқи бандари стратежики анҷом шавад.

Дар ҳақиқат бандари Чобаҳори Эрон барои Ҳинд ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз фурсатҳои муносибе ҷиҳати барқарории иртиботи мутақобил ва ҳамчунин шукуфоии иқтисодиро фароҳам мекунад. Ба далели аҳамияти бандари Чобаҳор бисёре аз сиёсатмадорони минтақа ба тавсияи воқеъии ин бандар иқдом карданд.

Дар ин замина Рам Натҳ Ковинд раисиҷумҳурии Ҳинд бандари Чобаҳори Эронро сакуи авҷгирии  равобити тиҷории  Ҳинд бо Осиёи Марказӣ тавсиф кардааст.

Раисиҷумҳурии Ҳинд дар ҷараёни сафари се рӯза ба Ишқобод ва дидор бо мақомҳои давлатии Тукманистон аз ҷумла раисиҷумҳурии мунтахаби мардуми ин кишвар, бар аҳамияти бандари Чобаҳор дар беҳбуд ва афзоиши равобити тиҷории Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва билакс таъкид кардааст. Дар поёни сафари се рӯзаи раисиҷумҳурии Ҳинд ба Туркманистон ки рӯзи якшанбе хотима ёфт, тарафайн чаҳор тавофуқномаи ҳамкори имзо карданд. Дар ин тавофуқномаҳо, тарафайн бар аҳамияти куридури байналмиллалии ҳамлу нақл ва транзети шимол ва ҷанӯб ва тавофуқномаи ҳамлу нақли байналмиллали ва куридури транзети Ишқобод таъкид карданд.

Пеш аз он,ки раҳбарон ва сиёсатмадорони ҳоким бар кишварҳои минтақа, мавқеият ва аҳамияти бандари Чобаҳори Эронро тавсиф кунанд, мақомҳои Теҳрон бо иҷрои тарҳҳои имронӣ ва зерсохтҳои зарурӣ нақш ва мавқеияти ин бандари стратежикиро ба мизони чашигире тақвият карданд, дар воқеъ мақомҳои Эрон дар ду даҳаи гузашта  аз тариқи сармоягузори  ба мавқеият ва нақши  стратежикии шаҳри бандари Чобаҳор афзуданд ва заминаҳои мубодилаи колоҳои заруриро дар ин бандар фароҳам карданд.

Мавқеяти ва аҳамияти як шаҳри бандарӣ ё як минтақаи озод асосан ба сармоягузориҳое вобастааст, ки дар солиёни тӯлонӣ дар ин шаҳрҳо иҷроӣ шудаанд. Дар ин миён бандари Чобаҳор алова бар сармоягузориҳои зиёди Эрон дар ин шаҳри бандарӣ дар ҷараёни Чобаҳор барномаи панҷ сола сармоягузориҳои хориҷии зиёде низ ҷазб кардааст. Ҳамин амр сабаб шудааст. ки Теҳрон заминаҳои рушд ва тавсиаи ин шаҳри бандари ва эҷоди зарфиятҳои лозим барои транзети коло миёни Ҳинд ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва бараксро фароҳам кунад.

Дар як ҷамъбандии кулли аз мавқеияти бандари Чобаҳор миёни Ҳинд ва Осиёи Маркизӣ бояд гуфт, бандари Чобаҳор, ки дар ибтидои роҳи худ аз шароити муносибе барои транзити коло ва хадамот бархурдор аст, бидуни шак дар оянда аз мавқеияти қудратмандтаре бархурдор хоҳад шуд ва хадамоти ҳар чи бештаре ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ироъа хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп