Дурахшиши панҷ донишгоҳи эронӣ дар рутбабандии мавзуъии "QS"
-
Дурахшиши панҷ донишгоҳи эронӣ дар рутбабандии мавзуъии \"QS\"
Раиси муассисаи истинодии улум ва пойши улум ва фановарӣ аз ҳузури 5 донишгоҳи эронӣ дар рутбабандии мавзуъи КЮ ЭС (QS) дар соли 2022 (давоздаҳумин давраи рутбабандии мавзуъии донишгоҳҳои ҷаҳон) хабар дод.
Рутбабандии донишгоҳии ҷаҳонии КЮ ЭС (ба ихтисор QS) як низоми рутбабандии донишгоҳӣ аст, ки ҳар сол ширкати Кокорли Симундез (ба англиси Quacquarelli Symonds) мунташир мекунад.
Яке аз рутбабандиҳои муҳиме, ки ин пойгоҳ ба сурати солона анҷом медиҳад арзёби ва санҷиши донишгоҳҳо дар ҳавзаҳои мавзуъии мухталиф аст.
Ба гузориши муассисаи истиноди улум ва пойши улум ва фановарӣ (ISC) Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, раиси муассисаи истиноди улум ва полойши улум ва фановарӣ бо ташреҳи охирин рутбабандии донишгоҳҳо гуфт: Пойгоҳи рутбабандии КЮ ЭС, дувоздаҳумин давраи рутбабандии мавзуъии донишгоҳҳои ҷаҳонро мунташир кард, ки дар ин рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон дар 51 мавзуъ арзёбӣ шуданд ва донишгоҳҳои Эрон дар 18 ҳавзаи муавзуъӣ ҳузур доранд.
Раиси муассисаи истиноди улум ва пойши улум ва фановарӣ афзуд: Рутбабандии КЮ ЭС дар соли 2022 донишгоҳҳои бартари дунёро дар 51 мавзуъ дар қолаби панҷ ҳитаи куллии улуми табиъӣ, муҳандисӣ ва фановарӣ, улуми зистӣ ва пизишкӣ, улуми иҷтимоъӣ ва ҳунар ва улуми инсонӣ мавриди рутбабандӣ қарор дода аст.
Деҳқонӣ ҳамчунин гуфт: Донишгоҳи санъатии Шариф, донишгоҳи Теҳрон, донишгоҳи санъатии Амир Кабир, донишгоҳи улум ва Санъат ва донишгоҳи улуми пизишкии Терон дар ин рутбабанди қарор дорад.