Ҳамоиши эроншиносӣ дар Ҷопон баргузор шуд
(last modified Sat, 30 Apr 2022 12:43:36 GMT )
Апрел 30, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши эроншиносӣ дар Ҷопон баргузор шуд
    Ҳамоиши эроншиносӣ дар Ҷопон баргузор шуд

Ҳамоиши эроншиносӣ дар Ҷопон бо ҳузури андешмандони ду кишвар баргузор шуд.

Ба гузоришии радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ҳамоиши эроншиносӣ дар Ҷопон, ки ба сурати тасвири ва ҳузури бо мушорикати бониёни эроншиносӣ, бунёди Саъдӣ ва бахши дипломосии Вазорати умури хориҷа баргузор шуд. Эроншиносонӣ ҷопонӣ ва эронӣ дар мавриди баррасии чолишҳои фаро рӯи эроншиносон сухан гуфтанд.

Бар асоси ин гузориш эроншиносонӣ ҷопонӣ бо ҳузур дар маҳали салони Фирдавсии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Токё ва ҳамчунин шахсиятҳои эронӣ низ бо ҳузур дар Бунёди эроншиносӣ худро дар ин вебинор ва барои ширкаткунандагони маҷозӣ ироа карданд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш намоишгоҳи аз ҳудуи 120 санад аз санадҳои таърихии равобити дуҷонибаи Эрон ва Ҷопон ба ҳамроҳи тасовир аз намоишгоҳи Эрони зебо барпо шуд.

Ҳамчунин як дастнавиштаи 800 сола, ки киштии Нурдони эронӣ дар бандари Зайтун ё Квонжу дар Чин, ки ба як роҳиби ҷопонӣ доданд низ  ба намоиш гузошта шуда аст.