Май 17, 2022 13:23 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: НАТО бидонад, ки масири тақобул поёни хуше надорад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба иқдомот ва сиёсатҳои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) гуфт, НАТО бидонад, ки масири тақобул поёни хуше надорад.

НАТО дар даҳаи 1940 бо ҳадафи дифои ҷамъӣ дар Вашингтон поягузорӣ шуд ва ҳамакнун Амрико ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва ҳамҷавор узви он ҳастанд.

Ин созмон, ки дар пайи ташдиди Ҷанги сарди миёни Амрико ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ташкил шуд, дар воқеъ талоше аз сӯи Амрико барои ба ҳамроҳ кардани кишварҳои аврупоӣ дар дифо аз худ ва албатта густариши қудрати Амрико барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиде ва ҳамчунин кантроли кишварҳое чун Олмон буд.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутники Русия тасреҳ кард, решаи иттифоқоти ҳоли ҳозир, густаришҳои НАТО ва нодида гирифтани мулоҳизоти амниятӣ ва сиёсии кишварҳост.

Вай бо баёни инки Теҳрон тамоми талоши худро барои барқарории сулҳ миёни Маскав ва Киев бакор мегирад, изҳор кард, дар ҳамин робита, Эрон дар назар дорад даври ҷадиде аз талошҳо барои миёнҷигарӣ байни Русия ва Украинро оғоз кунад.

Хатибзода ҳамчунин бо ишора ба равобити Эрон ва Русия гуфт, равобити Теҳрону Маскав роҳбурдӣ аст ва иҷоза нахоҳем дод, ки ҳеҷ мавзӯе халал дар ин равобит эҷод кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп