Сарлашкар Раҳими Сафавӣ: Амрико ба қабули БарҶом тан хоҳад дод
Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қуво таъкид кард, Амрико ба қабули БарҶом тан хоҳад дод.
Давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, ки муддаии рӯйкарди дипломатӣ дар қиболи Эрон ва низ талош барои бозгашт ба БарҶом буда, то кунун гоме дар ҷиҳати нишон додани ҳусни нияти худ барнадоштааст.
Қариб ба иттифоқ кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугӯҳо, хоҳони ҷамъбандии зудтари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Амрико дар хусуси чанд мавзуи боқимондаи муҳим ва калидӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, сарлашкар Сайид Яҳё Раҳими Сафавӣ, дастёру мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қуво рӯзи панҷшанбе гуфт, имрӯз Ҷумҳурии исломии Эрон тасмим мегирад ва амрикоиҳо бояд гӯш диҳанду Амрико ба қабули БарҶом тан хоҳад дод.
Сарлашкар Сафавӣ бо таъкид бар шикасти Амрикову Исроил дар муқобили иродаи миллати Эрон гуфт, аз ин шароит убур хоҳем кард то қудрати аввали Ғарби Осиё ва кишварҳои исломиро ба вуҷуд оварем.