Июн 01, 2022 07:44 Asia/Dushanbe
  • Иблоғи паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба поп Франсис

Оятуллоҳ Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмия дар дидор бо раҳбари масеҳмёни католик, паёми шифоҳии Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эронро ба поп мунтақил кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, оятуллоҳ Аърофӣ гуфт: Пас аз ин ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз сафари банда мутталеъ шуданд, ба Шумо салом расонданду пешинаи Шумо ва иртиботатон бо Амрикои Лотинро сутуда ва бархе аз мавозеъе, ки дар талтифи равобити байни ислому масеҳият ва дифоъ аз мазлумон иттихоз кардаедро таҳсин ва таъкид карданд; интизор дорем ҳамчунон дар дифоъ аз мазлумони олам, бавижа Фаластин ва Яман талош кунед ва мавозеи равшану шаффофе дошта бошед.

Оятуллоҳ Аърофӣ афзуд: Раҳбари муаззами инқилоб интизор доранд дар дифоъ аз мардуми Фаластин иқдом шавад ва ҳалли он бар асоси орои мардум ва интихобот миёни ҳамаи мардуми асилу фаластиниён аъам аз пайравони ҳамаи адён, низоми ҳоким бар Фаластин шакл гирад.

Поп Франсис ҳам дар посухи Раҳбари муаззам инқилоб гуфт: Саломи маро ба Раҳбари инқилоби исломии Эрон ва мароҷеъу бузургони динии Эрон бирасонед; мо ҳам матолиберо, ки Раҳбари инқилоби исломӣ мегӯянд, қабул дорем.

Поп Франсис мутаваллиди Аргентина аст ва муддате сарусқуфи шаҳри Буэнос Айрес (пойтахти Аргентина) будааст.