Оятуллоҳ Хотамӣ: Ҳадафи қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳукком имтиёзгирӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i87002-Оятуллоҳ_Хотамӣ_Ҳадафи_қатъномаи_зиддиэронии_Шӯрои_ҳукком_имтиёзгирӣ_аст
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳадаф аз судури қатъномаи Шӯрои ҳукком зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро гирифтани имтиёз дар музокирот донист.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 10, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хотамӣ: Ҳадафи қатномаи зидди эронии Шӯрои ҳукком имтиёзгари аст
    Оятуллоҳ Хотамӣ: Ҳадафи қатномаи зидди эронии Шӯрои ҳукком имтиёзгари аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳадаф аз судури қатъномаи Шӯрои ҳукком зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро гирифтани имтиёз дар музокирот донист.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико ва се кишвари аврупоӣ зидди Эрон рӯзи чоршанбе бо мухолифати ҷиддии Чин ва Русия дар нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба тасвиб расид.

Ин қатънома пас аз раъйгирӣ бо 30 раъйи мувофиқ, 2 раъйи мухолиф (Русия ва Чин) ва 3 раъйи бетараф (Ҳинд, Либӣ ва Покистон) ба тасвиб расид.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар пайи тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар нишасти Шӯрои ҳукком эълом кард: Ин қатънома бар асоси гузориши шитобзада ва ғайримутавозини мудири кулли ожонс ва мубтанӣ бар иттилооти дурӯғин ва сохтагии режими саҳюнистӣ сурат гирифт ва натиҷае ҷуз тазъифи раванди ҳамкорӣ ва таомулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ожонс дар бар нахоҳад дошт.

Ояутллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба судури қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Саранҷом бо гузориши ғалат ва нодурусти мудири кулли ожонс, қатъномаи зиддиэронӣ тавассути Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе кишварҳои аврупоӣ зидди Эрон содир шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард: Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ қабл аз судури ин қатънома ба дидори раиси режими саҳюнистӣ рафт ва ин яъне қатънома бо ҳамоҳангии комили мудири ожонс бо режими саҳюнистӣ баста ва содир шуд.

Оятуллоҳ Хотамӣ афзуд: Ожонси байналмилалии атомӣ дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон аз сӯи режими саҳюнистӣ таҳия шуд ва мутлақан бетарафона нест ва ҷонибдорона аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки ҳадаф аз судури қаътномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гирифтани имтиёз дар музокирот аст, афзуд: Душманони инқилоби исломии Эрон беш аз 40 сол аст, ки ин миллатро имтиҳон карданд, ин миллат ба касе боҷ намедиҳад ва бар даҳани зургӯ мезанад.

 

Бештар бихонед: