Мулоқоти Боқирӣ ва Мора дар Давҳа
(last modified Wed, 29 Jun 2022 04:17:45 GMT )
Июн 29, 2022 09:17 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Боқирӣ ва Мора дар Давҳа

Музокиракунандаи аршади Эрон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Давҳа бар сари як миз ба гуфтугӯ нишастанд.

Даври ҳаштуми музокирот дар Вена дар бораи лағви таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуда буд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давраи танаффус шуду музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.

Аз он замон то кунун раванди музокирот ба далели тааллул дар тасмимгирии Амрико барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии ин кишвар дар қиболи Эрону БарҶом, мутаваққиф шудааст.

Ба ҳамин манзур Алӣ Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбе барои аз саргирии музокирот ба Давҳа сафар кард.

Алӣ Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии исломии Эрон ва Энрике Муро, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи музокироти рафъи таҳрим сешанбе дар Давҳа, пойтахти Қатар дидору гуфтугӯ карданд.

Роберт Моли, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон ҳам ба ин манзур душанбе ворид Давҳа шуд ва бо вазири хориҷаи Қатар дидору гуфтугӯ кард.