Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ (а)
-
Даврони зиндагии Имом Ҷавод (а), асри шукӯфоии таматтуни Исломӣ ва ривоҷи андешаҳои эътиқоди ва фалсафии ҷаҳони Ислом буд
Эрони Исломӣ дар шаби шаҳодати ҳазарати Имом Муҳаммади Тақӣ (а) Ҷаводул аъима Имоми нуҳуми шиаён дар суг ва мотам аст.
Панҷшанбе 30-уми зилқадаъи соли 1443 ҳиҷрии қамари ва 30-уми июли соли 2022 солрӯзи шаҳодати Имом Ҷавод (а) аст. Ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ (а) дар моҳи Рамазони соли 195 ҳиҷрии мқамарӣ мутавалид шудаанд ва баъд аз шаҳодати падари бузургавораш ҳаҳзати Имом Ризо (а), имомат ва раҳбарии мусалмомнонро уҳдадор шудаанд. Даврони зиндагии Имом Ҷавод (а), асри шукӯфоии таматтуни Исломӣ ва ривоҷи андешаҳои эътиқоди ва фалсафии ҷаҳони Ислом буд.
Баргузории ҷаласоти баҳс ва мунозира бо донишмандони мазоҳиби мухталиф, омӯзиш ва таълиму тарбияти мардум, хусӯсан андешамандон ва ҳамчунин ифшои сиёсатҳои зиддӣ инсонӣ ва зиддӣ мардумии ҳокимони вақт, аз ҷумлаи фаъолиятиҳои илмӣ фарҳангӣ ва сиёсии ҳазрати Имом Муҳҳамади Тақӣ (а) буд.
Мардуми саросари Эрони Исломӣ дар шаб ва рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ (а) бо ҳузӯр дар масоҷид, ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) дар Машҳад, шимолу шариқи Эрон ва ҳарами муттаҳари ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум, ҷануби Теҳрон, аъзодори мекунанд. Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон фарорасидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ (а)-ро ба мусалмонон ва дигар озодитхоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.
Бештар бихонед: