Музокироти ҳастаӣ ва масоили минтақаӣ; меҳвари гуфтугӯи Тахтиравончӣ ва Гутерриш
(last modified Sat, 27 Aug 2022 12:20:33 GMT )
Август 27, 2022 17:20 Asia/Dushanbe
  • Музокироти ҳастаӣ ва масоили минтақаӣ; меҳвари гуфтугӯи Тахтиравончӣ ва Гутерриш

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар охирин дидораш бо Антонио Гутерриш дар бораи масойили мухталиф аз ҷумла музокироти ҳастаӣ ва масоили минтақаӣ гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷиди Тахтиравончӣ дар поёни давраи тасаддиаш ба унвони сафири Эрон дар Созмони Миллал дар тветте навишт : « Ба унвони сафири Эрон дар Созмони Миллал дидори созандаву дӯстона бо Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид доштам ва дар бораи мавзӯъоте аз ҷумла конфаронси бознигарии NPT, Барҷом ва масоили минтақаӣ шомили минтақаи халиҷи Форс ва ҳамчунин нақши Созмони Миллал дар саҳнаи ҷаҳонӣ гуфтугӯ кардем . »
Саиди Еравонӣ қарор аст ба унвони ҷонишини Маҷиди Тахтиравончӣ ба унвони сафир ва намояндаи ҷадиди Эрон дар Созмони Миллал дар Нию-Йорк фаъолияти худро оғоз кунад .
Саиди Еравонӣ  дар масъулиятҳое ҳамчун кордори Эрон дар Ироқ, дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ ва муовини амнияти байналмиллал ва сиёсати хориҷии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ифои масъӯлият кардааст .