Табодули паёмҳо миёни Амрикову Эрон дар ҳоли анҷом аст
Вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, табодули паёмҳо байни Амрикову Эрон аз тариқи бархе вузарои хориҷаву ҳамоҳангкунанда дар ҳоли анҷом аст.
Амирабдуллоҳиён дар дидор бо Файсал Миқдод дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк дар бораи раванди музокироти ҳастаӣ гуфт, табодули паёмҳо байни Амрикову Эрон аз тариқи бархе вузарои хориҷаву ҳамоҳангкунанда дар ҳоли анҷом аст.
Вай гуфт, Эрон бо рӯйи даст гирифтани рӯйкарде мантиқӣ масири дипломатиро пайгирӣ мекунад ва бар тавофуқе пойдору дорои тазмини бархӯрдорӣ аз манофеи иқтисодии он таъкид дорад.
Амирабдуллоҳиён бо радди ҳар гуна мудохилаи хориҷӣ дар умури Сурияву иқдомоти суботзудо дар минтақаи Ғарби Осиё хотирнишон кард, ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар солҳои гузашта дар ҷиҳати мубориза бо тероризму ифротгароӣ ва ҳамзамон баҳрагирӣ аз формати кишварҳои зомини раванди Остона боиси бозгашти сареътари сулҳу оромиш ба Сурия шуд.
Миқдод афзуд, Димишқ дар шароити ҷорӣ бар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории муштарак ба манзури муқобила бо осори мухарриби иқдомоти ғайриқонунӣ ва қаҳрии Ғарб алайҳи мардуми Сурия таъкид дорад.