Октябр 06, 2022 10:10 Asia/Dushanbe
  • Артиш дар таъмин ва ҳифзи амнияти Эрону мардум, пуштибони ФАРОҶО аст

Фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳофизони амнияту оромиши ҷомеъаро маншаи хадамоту иқдомоти арзишманд барои Эрон донист ва таъкид кард, артиш дар таъмин ва ҳифзи амнияти мардум, пуштибони ФАРОҶО аст.

Сарлашкар Саидабдураҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли артиш, рӯзи чаҳоршанбе бо судӯри паёме, ҳафтаи ФАРОҶО-ро ба сардори сартип Ҳусайни Аштарӣ, фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии артиш, дар ин паём омадааст: Барқарории назму амнияти иҷтимоӣ дар кишвар дар сояи талошҳои шабонарӯзӣ ва мухлисонаи коркунони ҷон бар кафи фармондеҳии интизомӣ, таҳаққуқ ёфтааст ва истимрор меёбад.

Вай дар паёми худ афзуд: Дар рӯзҳои ахир ҳофизони амнияту оромиши ҷомеъа, бо иқтидор аз амнияти ин марзу бӯм дар баробари дасисаҳои душманон, ки дар қолаби иғтишошот, худро нишон дод дифо карданд ва масири хатири худро муқтадиронатар аз пеш, барои амнияту осоиши мардуми Эрони исломӣ ва мамониат аз тахриби амволи умумӣ ва тавҳин ба муқаддасот идома доданд.

Сарлашкар Саидабдураҳими Мӯсавӣ таъкид кард, миллати бузургу мазлӯм, аммо қавӣ ва фаҳими Эрони исломӣ низ бо беэътиноӣ ба таблиғоти гумроҳкунандаи душманони бадхоҳи низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ, умедвортару мустаҳкамтар аз ҳамеша, фармондеҳии интизомӣ, артиш, сипоҳу басиҷро паноҳгоҳу маъмани худ дониста ва медонанд.

Дар ин паём омадааст, сароҳатан ба душманони ин обу хок ва дар раъси онҳо Амрикои ҷинояти кору режими ғосиби саҳюнистӣ гӯшзад мекунем, ки амнияти кишвару мардумро хати қирмизи худ дониста ва бо ҳамроҳӣ ва ҳамдилии Созмони интизомӣ ва сипоҳи посдорон ва иттиҳоду якпорчагии рӯзафзӯн, дар масири ҳифзу иртиқои он аз базли ҷон низ дареғ нахоҳем кард.