Октябр 08, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти оқои Саидризо Муайид
    Паёми таслияти Раҳбари инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти оқои Саидризо Муайид

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми даргузашти шоири ойинии боихлос оқои Саидризо Муайидро таслият гуфтанд.

Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим даргузашти шоири ойинии бо ихлос ҷаноби оқои Саидризо Муайид (рҳ)-ро ба фарзандон ва хонадони гиромии эшон ва ба ҷомеъаи адабии Хуросон таслият арз мекунам. Шеъри равон ва дилнишини ин ҳунарманди муъмине, ки ғолибан дар хидмати маъориф ва арзишҳои динӣ аст, ёдгори арзандаи ӯ дар инҷо ва захираи гаронбаҳои ӯ барои нашъаи ухравӣ аст иншоаллоҳ. Худованд ӯро бо шаҳидон маҳшур фармояд, ки ҳамвора маҳофил ёди ононро бо сурудҳои худ равнақ мебахшад.