Таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо ва Британия зидди Эрон таноқузи шиъор ва амал
Иттиҳодияи Аврупо рузи душанбе дар иқдоми ҳамоҳанг таҳримҳои ҷадидеро зидди Эрон вазъ карданд.
Ландан бо нақзи қавонини байналмиллали дар лузуми адами мудохила дар умури дохилии кишварҳои мустақил ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ва дар воқеъ дар ростои ҳимоят аз ошубгарон эълом кард 24 шахс ва ниҳодҳои эронӣ дар феҳрасти таҳримҳои худ қарор дода аст. Номи Исо Зореъпур вазири иртибототи Эрон дар миёни таҳримшудагони ҷадид қарор дорад.
Иттиҳодияи Аврупо низ а29 шахс ва 3 ниҳоддар Эронро ба феҳрасти таҳримҳои худ изофа кард дар миёни таҳримшудагон номи 4 корманди неруи интизомӣ бархе фармондеҳони устони неруи интизомӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин номи адмирал Киюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи неруи заминии артиш ба баҳонаи муқобила бо ошубгарон ва барҳам занандагони амнияти мардуми Эрон қарор дорад.
Ваҳиди Маҷиди, раиси полиси кибернетики ва Аҳмади Ваҳиди, вазири кишвари Эрон низ аз дигар таҳримшудагони ҷадид ҳастанд Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин шабакаи хабарии Пресс Ти Ви-ро низ дар феҳрасти таҳримҳои худ қарор дод.
Дар миёни таҳримҳои ҷадиди аврупоиҳо зидди Эрон ончи беш аз ҳама ҷалби таваҷуҳ мекунад шабакаи моҳвораӣ англисизабон Пресс Ти Ви аст ин шабакаи хабари солҳост дар арсаи интишори ахбор ва гузоришҳо бо руйкарди шикастани инҳисори расонаи ғарб, ки ҳамвора ба иникоси вақоеъ ва руйдодҳо бо ҷиҳатгириҳои хос ва дар ростои манофеъи худ мепардозад фаъолият мекунад.
Ин масъала ҳамвора хашми давлатҳои ғарбиро барангехта ва ба ҳамин далел ҳар аз чандгоҳи онҳо иқдомоти монанди масдуд кардани Пресс Ти Ви дар шабакаҳои иҷтимоъӣ монанти Ютуб, Инистагром ва монанди онҳо анҷом дода ва дар ҳоли ҳозир бо эъмоли фишор борҳо монеъи идомаи пахши Пресс Ти Ви аз моҳвораҳои иртиботи шуданд.
Акнун аврупоиҳо ҳамросто бо Амрико бар хилофи шиъори озодии баён ва озодии расонаҳо бо хиёли мумонеъат аз идомаи интишори дидгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа рушангарӣ дар бораи моҳияти ошубҳо ва иғтишошҳо дар Эрон ва нақшофаринии ғарбиҳо дар ин замина иқдом ба таҳвили Пресс Ти Ви карданд.
Дар ҳоле, ки расонаҳо ва шабакаҳои моҳвораӣ мухталиф бо забони форсӣ ва бо пули ғарбиҳо ва иртиҷоъи минтақа ба вижа Арабистони Саъудӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба вижа Британия машғули фаъолият ҳастанд.
Дар ин замина метавон ба шакаи Интернашнол ишора кард, ки бо пули саъудиҳо ва ҳидоят аз ҷониби Ландан машғули анвоъи дуруғпароканиҳо ва дигар фаъолиятҳои мухариб ва барандозона аст.